Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи футболи Тоҷикистон дар мусобиқаи Ҷоми Рушд-2022 бозии аввалини худро баргузор кард. Дар ин рақобат наврасони тоҷик бо ҳамсолони худ аз Молдова дидор карданд. Набарди дастаҳо тезутунд сурат гирифта, бо натиҷаи мусовии 2:2 ба фарҷом расид.

Голи якумро аз ҳайати дастаи мунтахаби наврасони тоҷик Масрур Ғафуров ба номи худ рақам зад. Тӯби дуюмро бошад, худи молдовиҳо иштибоҳан вориди дарвозаашон намуданд. Баъди ин тасовӣ дастаҳо як имтиёзӣ ба даст оварданд.

Лозим ба ёдоварист, ки 17-умин мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми Рушд”,бо ширкати даҳ даста дар шаҳри Мински Белорус то 14-уми феврал идома мекунад. Дастаҳо ба ду гурӯҳ тақсим шудаанд. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи «А» якҷо бо тимҳои миллии Беларус (U-16), Қирғизистон (U-16), Молдова (U-16) ва тими «Динамо-Минск» (U-17) қарор дорад. Дар гурӯҳи «В» Беларус (U-17), Узбакистон (U-17), Гурҷистон (U-17), Исроил (U-17) ва дастаи “Минск” (U-17) барои баромадан аз гурӯҳ байни ҳам мубориза мебаранд.

Мувофиқи низомномаи мусобиқа, дастаҳо дар марҳилаи гурӯҳӣ аз рӯи низоми даврӣ дар як давр бозиҳои худро баргузор мекунанд. Баъдан, ғолибони гурӯҳҳо дар бозии ниҳоӣ байни ҳам рақобат мекунанд.

Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дуюмро мегиранд, барои медалҳои биринҷӣ талош хоҳанд кард. Инчунин, бозиҳои тасаллобахш барои ҷойҳои 5-6, 7-8 ва 9-10 низ доир мегарданд.

Хотиррасон мекунем, ки ду даста бо сабаби гирифторшавии футболбозони онҳо ба COVID-19 аз иштирок дар мусобиқа даст кашиданд. Аввалин мунтахабе, ки аз ширкат дар ин мусобиқот даст кашид, тими миллии Озарбойҷон буд. Натиҷаи ташхиси чанде аз футболбозони ин даста,  ки қабл аз парвоз ба пойтахти Беларус гузаронида шуд, мусбат баромаданд. Ҷойи Озарбойҷонро дар руйхати иштироккунандагон дастаи наврасони то 17-солаи бошгоҳи «Динамо»-и Минск пур кард.

Як рӯз қабл аз мусобиқа  чунин сарнавишт ба тими миллии Қазоқистон низ рӯй дод. Ба ҷойи қазоқҳо дар мусобиқоти “Ҷоми Рушд-2022” бозигарони зери 17-солаи дастаи футболи “Минск” баромад мекунанд.

Шогирдони Зайниддин Раҳимов дар бозии навбатии худ рӯзи чоршанбе, 9-уми феврал, бо ҳамсолонашон аз Беларус рӯ ба рӯ мешаванд. Бозӣ соати 17:40 ба вақти Душанбе оғоз мешавад.

Аз ин қабл тими миллии наврасони кишвари мо се маротиба дар мусобиқаи “Ҷоми Рушд” ширкат варзида буданд. Қаҳрамони феълии мусобиқа низ  Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Мусобиқаи байналмиллалии “Ҷоми Рушд” сар аз соли 2005 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус аз ҷониби Федератсияи футболи ин кишвар таҳти сарпарастии Бонки Рушд гузаронида мешавад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь