– Маҷлиси Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви ИДМ 10-уми декабри соли равон тавассути конфронси видеоӣ баргузор мешавад, – хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Тибқи иттилои вазорат, дар ҷаласа таҳти раёсати вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов сарони вазоратҳои корҳои хориҷии Озарбойҷон, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон, Русия, Тоҷикистон, Молдова ва Туркманистон иштирок мекунанд. Инчунин, раиси кумитаи иҷория – котиби масъули ИДМ Сергей Лебедев низ ширкат хоҳад кард.

– Дар ҷараёни ҷаласа оид ба натиҷаҳои бадастомада ва афзалиятҳои нави ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод, масъалаҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор сурат мегирад. Инчунин, лоиҳаҳои ҳуҷҷатие, ки барои имзо дар ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони давлатҳои узви ИДМ ба нақша гирифта шудаанд, муҳокима карда мешаванд, – илова кардааст Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон.

Гулрӯ Суҳробзода

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь