Дар як ҳафтаи охир 212 нафар дар Тоҷикистон аз коронавирус сироят ёфтаанд, ки ба ҳисоби миёна дар ҳар рӯз 30 нафар гирифтори COVID-19 шудаанд.

Дар шабонарӯзи пеш 34 ҳолати нави сирояти ин вирус ба қайд гирифта шудааст. Дар як ҳафтаи охир мувофиқи иттилои расмии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 2 нафар аз сирояти ин вирус ба ҳалокат расидаанд. Ҳоло шумораи умумии ҳалокшудагон ба 66 нафар расидааст.

Бино ба иттилои ҳамин ниҳод дар ҳафтаи гузашта 211 нафар аз ин беморӣ шифо ёфтаанд, ки шумораи умумии онҳон дар маҷмуъ 7108 нафарро ташкил мекунад.

Дар муддати аз 30-юми апрел то 23-юми август шумораи умумии сироятёфтагон аз коронавирус ба 8311 нафар расидааст.

Дар шабонарӯзи охир 80 нафар гумонбари аз сирояти ин вирус таҳти назорати табибон қарор дошта, 36 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо рухсат шудаанд.

То ин дам дар дунё 23,3 миллион кас аз вируси COVID-19 сироят ёфта, бештар аз 15 миллион нафар саломатиашонро барқарор кардаанд ва 807 000 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь