Имрӯз дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар доираи бозии ниманиҳоии мусобиқаи байналмилалии «King‘s Cup 2022» бо дастаи мунтахаби Тринидад ва Тобаго бозӣ кард. Вохӯрии дастаҳо варзишгоҳи «The 700th Anniversary of Chiang Mai»-и шаҳри Чиангмайи Тайланд баргузор шуда, бо ҳисоби 2:1 ба нафъи дастаи мунтахаби Тоҷикистон анҷом ёфт.
Қисми аввали бозӣ бо ҳисоби 1 бар 0 ба нафъи мунтахаби Тринидад ва Тобаго буд. Голро дар ҳайати ин даста Ҷуда Гарсия дар дақиқаи 27-уми бозӣ ба дарвозаи Рустам Ятимов зад.
Дар қисми дуюми бозӣ дастпарварони Петр Сегрт куллан бозии дигар нишон доданд. Дар дақиқаи 47-уми бозӣ Муҳаммадҷон Раҳимов ҳисобро мусовӣ кард. Дар дақиқаи 75-ум бозигари бомаҳорати дастаи мунтахаби Тоҷикистон Эҳсони Панҷшанбе бо як зарбаи қавӣ натиҷаро 2:1 ба нафъи мунтахаби Тоҷикистон кард.
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон ҳамакнун пас аз ғалаба муқобили дастаи мунтахабе, ки соли 2006 дар Чемпионати Ҷаҳон иштирок карда буд, ба финали мусобиқаи байналмилалии «King’s Cup 2022» роҳ ёфт. Тоҷикистон дар даври ниҳоӣ бо ғолиби ҷуфти дастаҳои мунтахаби Тайланд ва Малайзия бозӣ мекунад. Бозии ниҳоӣ рӯзи 25-уми сентябр соати 18:30 ба вақти Душанбе баргузор мешавад.