Ҷасади шаш муҳоҷири тоҷик, ки бар асари заҳролудшави дар яке аз гармхонаҳои шаҳри Волгогради Федератсияи Руссия рузи 26 январ фавтида буданд субҳи 30 январи соли 2022 тариқи фурудгоҳи шаҳри Душанбе ба ватан оварда шуданд.

Сухангӯи Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон гуфт,ки  бо роҳбарии сардори Раёсати мазкур  Саидзода Самад гуруҳи кори ташкил карда барои мусоидат дар гирифтану изҳори ҳамдарди ба оилаҳои фавтидагон ба фурудгоҳи шаҳри Душанбе рафтанд.

Иттилоъ дода шуд,ки дар ҳамбастаги бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Вахш интиқоли тобутҳои  оилаи Файзиддиновҳо, ки се узви ин оила дар ин ҳодиса фавтидаанд ду мошини ёрии таъҷили ташкил карданд.

Бояд гуфт, ки аз 6 нафар фавтидагон 4 нафараш аз ноҳияи Вахш аз ҷумла Файзиддинов Қобилҷон соли таввалудаш 13 марти соли 2001, Файзиддинов Қосимҷон соли таввалудаш 4 июли соли 2002, Файзиддинов Нуриддин соли таввалудаш 4 марти соли 1985 аз деҳаи Наврафтор, ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Вахш, Кабутов Саидакрам соли таввалудаш 17 феврали соли 2000, сокини деҳаи Пахтаободи ҷамоати деҳоти Тоҷикобод, ноҳияи Вахш мебошанд, Саломов Идибек соли таввалуда 4 апрели соли 1992 сокини ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳияи Ҷайҳун, Муҳамаддҷони Раҳмоналӣ соли таввалудаш 7 феврали соли 2000 сокини ноҳияи Мирсаид алии Ҳамадонӣ  мебошанд,-гуфтанд аз Раёсати Хадамоти муҳоҷирати вилояти Хатлон.

Раёсати Хадамоти муҳоҷират дар вилояти Хатлон ба оилаҳои ин ҷавонони фавтида изҳори ҳамдарди намуда аз Худованд барояшон сабри Ҷамил хоҳонаст.

Раёсат дар оянда низ кушиш мекунад, ки ба ин оилаҳое, ки фарзандону наздиконашонро дар ин ҳодиса аз даст додаанд кумаки худро расонад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь