Дар чаҳорчӯби баргузории мусобиқаҳои байналмилалии гӯштии кураш¸ ки маросими ифтитоҳи он шоми 10 апрел дар шаҳри Тирмиз баргузор мегардад, барои меҳмонон чанд барномаи тафреҳӣ низ мадди назар гирифта шудааст. Аз ҷумла, боздид аз мақбараи Ҳаким Тирмизӣ, ки яке аз маъруфтарин ҷойҳои таърихии ин шаҳр маҳсуб меёбад, дар ин барнома шомил шудааст..

Дарвоқеъ, шаҳри Тирмиз яке аз қадимтарин шаҳрҳои Осиёи Миёна маҳсуб меёбад, ки дар айни ҳол ба ҳайси маркази маъмурии вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон муаррифӣ шудааст. Таърихи он беш аз дуним ҳазор солро ташкил менамояд. боздид мекунанд. Дар қадим он ба номи Тармита ва Тарамизо, яъне ҷои гузариш ёд мешавад.

Ёдгориҳои ҳифзшудаи шаҳр ва атрофи он ёдгориҳои бостонӣ, меъморӣ, харобаҳои қалъаву манзилҳои қадимаи зардуштия, несторианӣ ва буддоиро фаро хондааст. Дар маъхазҳо омадааст, ки соли 329 пеш аз мелод онро Искандари Макдунӣ забт кардааст ва баъдтар поягузори салтанати Юнону Бохтар Деметрий ин шаҳрро Деметрикс номи ниҳодааст.

Бино ба маъхазҳои таърихӣ Фаридуддини Аттор дар «Тазкират-ул-авлиё» Алии Тирмизиро чун шахси донишманду хушфазилат ва «дар фунуну улум комил» тавсиф намудааст.

Ба шарофати фазлу дониш унвони «Ҳакимулавлиё» гирифта буд. Алии Тирмизӣ ба сабки рубоиёти халқӣ рубоиҳо эҷод кардааст. Азбаски рубоиёти аксар шоирони мутасаввиф ба ҳамин сабк аст, рубоиёти Алии Тирмизӣ ҳам бо ашъори шоирони дигар омехта шудаанд ва аз онҳо рубоиёти ба ӯ тааллуқдоштаро ҷудо кардан душвор аст.

Ба қалами Алии Тирмизӣ инчунин рисолаҳои динию ирфонӣ тааллуқ доранд. Рисолаҳои мазкур шомили пораҳоеанд, ки ақидаҳову андешаҳои пандуахлоқӣ, андарзиву ҳакимонаро дар бар мегиранд.

Зимни боздид аз мақбараи ин муҳаддис ва олиму адиби маъруфи олами адабу ислом дар ҳақи вай аз Қуръони азимушшаън пораҳо қироат гардид. Баъд меҳмонон аз чиллахонаҳо ва хонақоҳҳои атрофи ин мақбара боздид карданд.

Дар саҳни васеъ, воқеъ дар қаламрави маҷмӯаи Ҳаким Тирмизӣ оши эҳсон дода шуд. Ин ҷо савоб ва самараи аз эҳсон ва дуоҳо ҳисилшударо ба рӯҳи пурфутӯҳи Ҳаким Тирмизӣ бахшиданд.

Баъдан як гурӯҳ паҳлавонон мусобиқаҳои намоишӣ баргузор карданд. Дар ин мусобиқаҳои намоишӣ паҳлавонони Афғонистон, Конго, Доминакан, Белорус, Ҷумҳурии Африқо, Ӯзбекистон ва амсоли он ширкат карданд. Ин мусобиқаҳои намоишӣ дар меҳмонон ва тамошобинони дигар таассуроти хуб боқӣ гузошт.

Маросими ифтитоҳи ин мусобиқаҳои байналмилалӣ соати 18-и шом оғоз хоҳанд ёфт. Баъд тӯли се соат мусобиқаҳои нимфинолӣ ва финалӣ баргузор мегарданд. Дар он мардҳо дарвазнҳои 81 ва 90, занҳо дар вазнҳои 48, 57 ва 70 килограмм байниҳам сабқат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки баъди анҷоми ин мусобиқаҳо маросими медолсупорӣ ба ғолибон низ барпо мегардад.

11 апрел дар байни мардҳо ва занҳо мусобиқаҳо дар вазнҳои гуногун идома хоҳад кард. Мардҳо ба рӯи қолин дар вазнҳои 60, 66, 73 ва вазни мутлақ мебароянд ва барои ҷоми президенти Ӯзбекистон ва мукофотҳои пулӣ сабқат мекунанд. Занҳо дар вази аз 70 кило зиёд қувваозмоӣ хоҳанд кард.

-Ман бо Мансурбеки Бекзод аз шаҳри Қундузи Афғонистон барои ширкат дар ин мусобиқаҳо омадаем. Мо се паҳлавон дар ин мусобиқаҳо ширкат хоҳем кард. Ду нафар дар вазни 66 килограм ва як нафар дар вазни 73 килограм ба рӯи қолин баромада, бо ҳарифон мусобиқа хоҳем кард. Як нафар паҳлавони мо аз шаҳри Балх омадааст. Вай Муҳаммадюсуф Шуайр мебошад. Талош хоҳем кард, ки ҷойҳои ифтихории ин мусобиқаҳоро ба даст оварем, – мегӯяд ба мухбири “Фараж” Меҳроҷиддини Чакмор.

Маълум шуд, ки як идда паҳлавонон ба далели пандемия натавонистанд аз кишварҳои қораи Осиё, Аврупо ва Амрико дар ин мусобиқаҳо мушорикат намоянд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тирмизи Сурхондарё

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь