Дар Тоҷикистон ҷустуҷӯ ва истихроҷи тилло аз ҷониби аҳолӣ метавонад дар ояндаи наздик қонунӣ гардонида шавад. Ин нуктаро ба рӯзноманигорон сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллоев хабар дод.
Мувофиқи маълумоти Вазорати молияи кишвар лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мақоми иҷозатдиҳӣ барои истихроҷи хокаи тилло омода шудааст. Намояндагони Тоҷикгеология дар таҳияи ҳуҷҷати мазкур ширкат кардарнд. Дар ояндаи наздик, лоиҳа ба ҳукумат фиристода мешавад. Баъди қабули он, шаҳрвандон метавонанд барои ихтихроҷи тилло дар канори дарёҳои ҷумҳурӣ ба таври озодона машғул шаванд.
Бино ба иттилои манбаъ, агар чунин қарор қабул карда шавад, шаҳрвандони кишвар метавонанд қитъаҳои алоҳидаеро, ки дар қаламрави ягон ширкат нест, барои истихроҷи тилло истифода кунанд. Албатта, барои машғул шудан ба ин амал бояд аз Вазорати молия иҷозат гиранд.
Бо ба даст овардани тилло аҳолӣ озодона метавонанд онро ба сохторҳои молиявии давлатӣ фурӯшанд. Нархи металлро Вазорати молия муайян мекунад.