Ҳамлаи террористии як худкуш дар минтақаи Наҳравон воқеъ дар ҷануб-шарқи Бағдод ба кушта шудани 17 нафар ва захмӣ шудан 28 нафари дигар анҷомид.
Як террористи аз ҷонаш сершуда дишаб худро дар бозоре дар минтақаи Наҳравон воқеъ дар ҷануб-шарқи Бағдод тарконд ва ҳамзамон террористи дигар даст ба тирандозӣ задааст.
Дар ин ду ҳамлаи террористӣ ҳамзамон 17 нафар аз мардуми Ироқ кушта ва 28 нафари дигар низ захмӣ шуданд.
Манобеи бемористони Ироқ гузориш доданд, ки вазъияти ҷисмонии бархе аз захмиҳо вахим аст ва эҳтимоли афзоиши теъдоди талафот вуҷуд дорад.
Блоки рекламавӣ