Теппаи Қӯрғон маъруфтарин иншооти таърихӣ дар маркази маъмурии вилояти Хатлон-шаҳри Бохтар бо сабаби садамавӣ буданаш чанд сол аст, ки дарҳои худро ба руйи​ тамошобинонаш бастааст. Дар назар аст, ки​ аз ҳисоби буҷети вилоят ва дигар сарчашмаҳо то соли 2026 бозсозӣ карда шавад.

Роҳбари Раёсати​ сохтмони асосии вилояти Хатлон Саъдуллозода Абдулвоҳид дар суҳбат ба “Фараж” гуфт, ки барои таҷдиди мавзеъи ёдгории таърихии Теппаи “Бибихонум”-и шаҳри Бохтар 50 миллион сомонӣ ба нақша гирфита шудааст. Ба нақшагирии сохтмони иншоот аз соли 2023 оғоз шуда,  сохтмонаш аз​ соли 2024 шурӯъ мешавад. Дар соли 2024 барои сохмони иншот аз ҳисоби буҷети вилоят 10 миллион сомонӣ ба инобат гирифта шуда, бояд то соли 2026 иншот пурра бозсозӣ гардад.

Бояд гуфт, ки 3 июли соли ҷорӣ​ раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид аз мавзеи таърихии Теппаи Қӯрғон дидан кард.

Масъулони шаҳрдорӣ ба раиси вилоят он замон​ иттилоъ дода буданд, ки аз ҷониби чанд институти лоиҳакашӣ, аз ҷумла ҶСК “Шаҳрофари Душанбе” лоиҳаҳои намунавии “Теппаи Қӯрғон” омода шудаанд.​ Тибқи лоиҳа, бояд дар болои Қалъаи Қӯрғон, ки масоҳаташ аз 2,5 гектар иборат аст, амфитеатр бо ҳазор ҷойи нишаст, чойхонаи миллӣ ва фаввораҳо сохта шаванд.

Раиси вилоят Давлаталӣ Саид ба масъулин дастур дод, ки ҷиҳати таҳияи лоиҳаи ангоравии “Теппаи Қӯрғон” бо дарназардошти иншооти қадимаи таърихӣ ва мавзеи сертамошо буданаш тадбирҳои фаврӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки пайдоиши “Теппаи Қӯрғон” ба асрҳои 1-2 мансуб дониста шуда, он муъҷизаи табиат набуда, дастӣ сохта шудааст. Дар болои он қасри шоҳони Вахшонзамин ва дар асрҳои XIX ибтидои ХХ қалъаи Беки Қӯрғонтеппа ҷойгир будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь