Дар ҷамоати деҳоти «Кангурт»-и ноҳияи Темурмалик ҷиҳати тақвият бахшидан ба корҳои ободонию созандагӣ ва бахшида ба «Рӯзи кормандони милитсия» бо дастгирии Ҳукумати кишвар ва соҳибкори ватанӣ Анвар Қурбонов бинои шуъбачаи милитсияи деҳотӣ сохта ба истифода дода шуд.
Тибқи иттилои дафтари матбуотии Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон дар ифтитоҳи бино муовини вазири корҳои дохилӣ полковники милитсия Муборакқадамзода Абдураҳмон Назархон, сардори Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон, полковники милитсия Нозимзода Файзулло Ватан, раиси ноҳияи Темурмалик Ҳасанзода Шералӣ иштирок карданд. Иншооти мазкур аз се ошёна, таҳхона ва 8 утоқи корӣ иборат буда, дар масоҳати умумии зиёда аз 800 метри мураббаъ бо тарҳи зебо сохта шуда, бо шароити муосири кору фаъолият барои кормандони милитсия ва беҳтар намудани сифати хизматрасонӣ ба сокинони деҳоти дурдаст бунёд гардидааст.
Ҳайати меҳмонон зимни шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нав ба сифати корҳои анҷом ёфта баҳои баланд дода, кормандони милитсияро барои садоқатмандона хизмат кардан ба Ватан, саҳм гузоштан дар коҳиш ёфтани сатҳи ҷинояткорӣ, пешгирии он, таъмини волоияти қонун ва ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ҳидоят намуданд. Ҳайати шахсии Шуъбаи ВКД дар ноҳияи Темурмалик ва намояндагони Мақомоти ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур бо як рӯҳияи баланди созандагӣ ва ифтихори ватандориву хештаншиносӣ дар ин ҷамъомад ширкат варзиданд.
Мавлуда Гулова, Фараж