Теъдоди қурбониёни тирпарронӣ дар мактаби Ижевск дар Русия ба 17 нафар расид, хабар медиҳад вебгоҳи роҳбари Удмуртия бо такя ба маълумоти Кумитаи тафтишот.
“17 нафар, аз ҷумла 11 кӯдак ва 6 бузургсол ба ҳалокат расиданд”, – омадааст дар хабар.
Субҳи 26 сентябр шогирди собиқи ин мактба, марди соли таваллудаш 1988, ба мактаби рақами 88-и шаҳри Ижевск ворид шудааст. Ӯ ба мактбаиён тир кушода, сипас худкушӣ кардааст. Ба гуфтаи Сергей Кравтсов, вазири маориф, ҷинояткор таҳти муроқибати равоншиносон қарор дошт ва аз бемории шизофрения (бемории шадиди руҳӣ) ранҷ мебурд. Раиси Кумитаи сиёсати иттилоотии Думаи давлатии Русия Александр Хинштейн гуфтааст, ки ҷинояткор бо ду таппончаи травматикӣ, ки тирҳои ҳақиқӣ доштанд, мусаллаҳ будааст.
Президенти Тоҷикистон дар робита ба ин ҳодиса ба президенти Русия номаи таслият арз кардааст, ки дар он гуфта мешавад: «Хабари фоҷеабори ҳамлаи ғайриинсонии мусаллаҳонаро дар яке аз мактабҳои шаҳри Ижевск, ки муҷиби ба ҳалокат расидан ва ҷароҳати вазнин бардоштани даҳҳо нафар кӯдак ва шаҳрванди болиғи Федератсияи Россия гардид, бо андӯҳи амиқ дарёфтам. Ба Шумо ва пайвандону наздикони фавтидагон таъзияву тасаллиёти самимии ин ҷонибро изҳор менамоям. Хоҳони шифои оҷили ҳамаи осебдидагон ҳастем».
Дар Удмуртия мотами чоррӯза эълон шудааст.