Бо тақозои замон, агар зарурат пайдо шавад, биноҳои Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ ва чойхонаи овозадори «Роҳат» тахриб карда мешаванд. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Низом Мирзозода иттилоъ дод.

Ба гуфтаи раиси кумита, беҳтар аст, ки мо имрӯз биноҳои хуби замонавӣ тарҳрезӣ намоем, то ба талаботи муосир ҷавобгӯ бошанд. «Беҳтар он нест, ки мо бинои ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бо номи Чойхонаи «Роҳат» бунёд созем? Муҳим он аст, ки бренди Чойхонаи «Роҳат» гум нашавад, моҳият ва аҳамияти бино бо аз нав сохтани он гум намешавад»,-афзуд Низом Мирзозода.

Вобаста ба ин ёдовар мешавем, ки 26 июли имсол муовини аввали Раиси шаҳри Душанбе Ҷамшед Табарзода зимни нишасти матбуотии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе вобаста ба меҳмонхонаи «Вахш» иттилоъ дод, ки меҳмонхона тахриб шуда, ба ҷои он меҳмонхонаи замонавӣ ва ба талаботи муосир ҷавобгӯ бунёд мегардад.

Дар нишасти Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дода шуд, ки дар шашмоҳаи аввали имсол дар мамлакат хонаҳои истиқоматӣ ба масоҳати умумии 629,5 ҳазор метри мураббаъ ба истифода дода шуданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 81,5 фоиз зиёд аст.

Низом Мирзозода баён дошт, ки яке аз самтҳои асосии фаъолияти Кумита- ин таъмини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо нақшаҳои генералӣ ва нақшаи муфассали банақшагирии маҳал мебошад. Дар айни замон 65 маркази шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пурра бо нақшаҳои генералӣ таъмин мебошанд. Дар ин раванд тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳрҳои Норак, Левакант ва ноҳияи Вахш, ки муҳлати амалашон гузаштааст, аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Шаҳрофар» пурра ба анҷом расида, пас аз баррасӣ дар Шурои шаҳрсозӣ ва ворид намудани тағйиру иловаҳо ҳоло дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор қарор доранд.

Шаҳлои Садриддин,

АМИТ «Ховар»

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь