Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва оператори рақамии пешрави Tcell аз имзои як ёддошти ҳамкорӣ хабар доданд. Ин иқдом оғози ҳамкориҳои дарозмуддати бахши маорифи давлатӣ ва бахши хусусии телекоммуникатсионӣ бо мақсади такмили низоми маориф ва рушди фановариҳои муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Тафоҳумномаи ҳамкорӣ дар охирин форуми байналмилалии T-tech.AI 2023 аз ширкати Tcell ба имзо расид. Ин иқдом уҳдадории муштаракро барои такмили низоми таълим ва ворид кардани фановариҳои муосир ба раванди таълим таъкид мекунад.

Ҳадафҳои асосии ҳамкориҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Tcell ҷорӣ кардани фановариҳои муосир, аз ҷумла ҳуши маснуӣ ва навовариҳои рақамӣ дар системаи маориф мебошад. Ин барои баланд бардоштани сифати таълим ва омода кардани донишҷӯён ба муҳити рақобат дар шароити бозор мусоидат мекунад.

Имзои тафоҳумнома дарҳоро барои таҳия ва татбиқи барномаҳои таълимӣ, ки ҷавобгӯи талаботи бозори меҳнати муосир мебошанд, боз мекунад. Ин имкон медиҳад, ки хатмкунандагон муваффақ ва ба шароити тағйирёбанда мутобиқ шаванд.

Ҳамкориҳо инчунин ба фароҳам овардани муҳити инноватсионии таълимӣ ба рушди неруи зеҳнии донишҷӯён ва дар маҷмуъ ҷомеа мусоидат карда, як қадами калидӣ дар рушди маориф ва фановариҳои муосир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда шудааст.

Tcell оператори имкониятҳост!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь