Ширкати мухобиротии Tcell и ширкати бима (суғурта)-и BIMA Insurance қарордоди муштараки ҳамкориро ба имзо расониданд, ки натиҷаи он тарофаҳои нақшавии “Саломатӣ” аст. Муштариёне, ки ба ин тарофаҳо пайваст мешаванд, пас аз пардохти муштарипулӣ ба таври худкор (автоматӣ) соҳиби полиси бима аз ҳодисаҳои нохуш мегарданд.    

Ин шакли бима (суғурта) бесобиқа аст ва дар Тоҷикистон аввалин маротиба роҳандозӣ мешавад. Он ба таври назаррас равиши корро содда ва осон мекунад, вақти корбаронро сарфа менамояд ва хароҷоти зиёдро барои суғурта талаб намекунад: ба арзиши тарофаи асосӣ бо мундариҷаи функсионалӣ муштарӣ танҳо 5 ё 10 сомонӣ – вобаста ба тарифи интихобшуда мегузаронаду бас.

Тарофаҳои «Саломатӣ» иртиботи бемаҳдудро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва паёмрасонҳои машҳур, бастаи иловагии мегабайтҳо, муоширати бемаҳдуд дар дохили шабака, инчунин дақиқаҳои гуфтугӯву паёмакҳоро дар Тоҷикистон пешниҳод менамояд.

Дар ҷадвали пешниҳодот 4 тарофаи “Саломатӣ”, ки вобаста ба муҳтаво ва арзишашон аз якдигар фарқ мекунанд, ҷой дода шудаанд: 5 сомонӣ аз пардохти муштарӣ ҳар моҳ барои бима ҳисобида мешавад ва дар ин ҳолат арзиши суғурта 500 сомониро ташкил хоҳад дод. Ҳамчунин, муштариён метавонанд, яке аз чор тарофаи “Саломатӣ+”-ро интихоб намоянд. Дар ин ҳолат, аз пардохти муштарӣ ҳар моҳ ба андозаи 10 сомонӣ маблағ ситонида шуда, арзиши умумии бима 1000 сомонӣ арзёбӣ мегардад.

Аснои рух додани ҳаводиси нохуш муштариён метавонанд ба дафтарҳои кории ширкати бимаии BIMA Insurance муроҷиат намуда, санадҳои заруриро пешниҳод созанд ва ё бо рақами 5511 тамос гиранд.

Тафсилоти бештарро дар мавриди тарофаҳои «Саломатӣ» аз сомонаи расмии Tcell аз нишонии зерин дарёфт намоед: https://www.tcell.tj

Ҳамчунин, тавассути сомонаи ширкати BIMA Insurance: http://bima.tj/ ва ё рақами 5511 маълумоти иловагиро дар бораи шартҳои бима пайдо карда метавонед.

Тарофаҳои муносибро барои худ интихоб намоед ва ҳамеша солим бимонед!
Tcell – алоқа барои ҳаёт!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь