Ширкати Tcell дар ҳамдастӣ бо Бунёди Оғохон (Aga Khan Foundation – AKF) ба татбиқи барномаи мудернсозии макотиби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон оғоз намуданд. Тарҳи мазкур мукаммалсозии барномаҳои таълимӣ дар мактабҳо ва таъмини мадорис бо Интернетро ҳадафи худ қарор дода, ҳамзамон ба ин васила дастрасии хонандагонро бо дастовардҳои муосир дар бахши иттилооту коммуникатсияи омӯзиш таъмин хоҳад кард.
Лоиҳаи мудернсозии мактабҳои ВМКБ бо мақсади пайваст кардани даҳҳо таълимгоҳ бо Интернет ва бо ин роҳ беҳтар сохтани ҷараёни таълим, инчунин рушди касбияти омӯзгорон роҳандозӣ мегардад. Ин роҳкор имконият медиҳад, ки муаллимон дараҷаи тахассуси худро мутобиқ бо барномаҳои байналмилалии таълимӣ боло баранд.
Ширкати Tcell дар марҳилаи аввали лоиҳа таҷҳизонидани ду синфхонаи компютерӣ дар шаҳри Хоруғ: мактабҳои №2 ва №9 –ро ба анҷом расонда, ҳар ду мактаб бо Интернети баландсуръат пайваст гардиданд. Ҳамакнун, 600 толибилми ин даргоҳҳо имконият доранд, ки бо истифода аз фанновариҳои ҷадид дониши худро мукаммал сохта, савияи омӯзишашонро тақвият бахшанд. Инчунин, 77 омӯзгор аз ин макотиб роҳу усулҳои нави таълимро мувофиқ ба меъёрҳои пазируфтаи байналмилалӣ аз худ менамоянд.
Дастгирии бахши маориф (омӯзиш ва парвариш) – яке аз ҳадафҳои стратегии ширкати Тcell маҳсуб мегардад. Tcell маъракаҳои марбут ба омӯзишро зиёд баргузор намуда, ҳамчунин чорабинӣ ва тарҳҳои маорифу парваришро дастгирӣ менамояд. Ширкат кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки саводу донишҳои Интернетиро миёни насли наврасу ҷавонон баланд бардорад, тарзи дурусти истифода аз ин шабакаи ҷаҳонӣ, имкониятҳои рушду худшиносиро бо воситаи зарфиятҳои ҷадиди технологӣ боло бардорад.
«Мо дар Tcell бо камоли майл ташаббуси мудернсозии техникии макотиби ВМКБ-ро дастгирӣ намудем. Азбаски минтақаи Бадахшон аз дидгоҳи ҷуғрофӣ дар минтақаи мураккаб қарор дорад, на ҳама вақт талабагон ба Интернету навгониҳои илму техника дастрасӣ пайдо мекунанд. Ногуфта намонад, ки барои омӯзиши хубу ҳаматарафа таъмини макотиб бо Интернет аз масоили меҳварӣ маҳсуб мегардад. Бо дастрас шудани шабакаи ҷаҳонӣ ва шиносоӣ навовариҳои иттилоотӣ омӯзгорону хонандагон ба ҷаҳони наву муосир ворид мешаванд»,- иброз дошт директори генералии Tcell Озодхон Давлатшоев.
«Лоиҳаи мудернсозии макотиби ВМКБ-ро дастгирӣ кардани Tcell аз он дарак медиҳад, ки ин ширкат ба усулҳои роҳбурдӣ ва фаъолияти хеш дар амри татбиқи барномаҳои иҷтимоии кишвар содиқ аст. Кӯмак ба мактабу маориф, аз ҷумла ба мактабҳои миёна барои муаллимон ва хонандагон рӯҳияи наву эҷодкориро ба вуҷуд меорад»,- илова кард роҳбари барномаҳои маорифи Фонди Оғохон Нафиса Гулшаева.