Бузургтарин оператори бозори мухобиротии кишвар – ширкати Tcell барои татбиқи барномаи худ, ки ба беҳтар намудани вазъи экологии кишвар равона карда шудааст бо Тандис ва Гувоҳномаи мутобиқати низоми идоракунии экологӣ ISO 14001-2015 мукофотонида шуд! Чунин эътирофро барои нахустин бор аст, ки як ширкати миллӣ дар Тоҷикистон соҳиб мегардад.
Дар маросими қадрдонӣ ва супурдани мукофот муовини директори “Тоҷикстандарт” Шерзода Ситора Ҷалол эълон кард, ки Tсell аввалин ва то ҳол ягона ширкат дар кишвар аст, ки якбора 3 шаҳодатномаи стандартии сифатро соҳиб шуд, ки яке аз онҳо Гувоҳномаи мутобиқати экологии ISO 14001-2015 мебошад ва ин намунаи ибрат барои дигар ширкатҳо маҳсуб меёбад. Сазовор гардидан ба ин Сертификатҳо маънои онро дорад, ки фаъолияти Tcell мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва стандартҳои байналмилалӣ дар ростои сарфаи энергия ва беҳтар намудани вазъи экологӣ роҳандозӣ шудааст. Боиси хушнудист, ки ширкат мустақилона чунин як тасмими муҳими шеваи фаъолиятро интихоб намудааст.
Дар навбати худ, Озодхон Давлатшоев, директори генералии Tcell аз баҳои баланд ва қадрдонии Агентии “Тоҷикистандарт” нисбати ин ташаббуси ширкат изҳори сипос кард.
«Бо идора кардани ҷанбаҳои экологии фаъолияти корӣ, мо таъсири манфиро ба муҳити зист ва саломатии инсон коҳиш дода, кӯшиш мекунем, ки тавозун (мувозинат)-и байни муҳити зист, иқтисод ва ҷомеаро ба даст орем. Аз ҷумла, мо барои кам кардани таъсири ростхата ба муҳити зистро ба зиммаи худ гирифтем, ки ба воситаи он хароҷоти ширкатро то 20% кам кунем. Инҳо тарҳҳои вижа аз қабили кам кардани истифодаи ашёҳои пластикӣ ва дигар партовҳои ғайриорганикӣ дар фаъолияти ҳаррӯзаи ширкат, кам кардани сафар тариқи нақлиёт, танзими логистика ва нақлиёт, истифодаи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ дар пойгоҳҳо ва иваз кардани онҳо бо батареяҳои офтобӣ мебошанд. Ҳамин тавр, мо барои коҳиш додани партовҳо, ҷилавгирӣ аз ифлосшавии муҳити зист гоми муҳим бардоштем. Мо инчунин тасмим дорем, ки то соли 2023 бинои Tcell-ро ба иншооти аз ҷиҳати экологӣ тоза табдил диҳем ”, -қайд кард Озодхон Давлатшоев.
“Яке аз дигар ташаббусҳо дар ин самт – “ЭкоТарофаҳо” буда, тафовуту бартарии ин барнома бо он комилу возеҳ мешавад, ки муштариён барои иштирок дар барнома маблағҳои иловагӣ пардохт намекунанд. Бо пайваст кардани тарифҳо ва бастаҳои Интернет, муштариёни ширкат ба таври худкор ба ҳифзи муҳити зист дар Тоҷикистон саҳм мегузоранд! Ширкат барои татбиқи ин мақсад тавассути бунёд (фонд)-и махсус саҳм мегузорад. Барои шинос шудан бо ин пешниҳодҳо дар сомонаи ширкат www.tcell.tj бо ишораи “Эко” муроҷиат карда метавонед.
“Ба даст овардани ҷоизаи мазкур моро рӯҳбаланд мекунад ва дурустии роҳи интихобнамудаамонро таъкид месозад. Мо дар фаъолияти ояндаи худ масиру роҳи интихобиамонро ҷиҳати беҳтар сохтани муҳити атроф идома хоҳем дод, ин масъулияти мо барои хонаи умумии ҳамаи мо, барои Ватани мост! Шояд ин саҳми ночиз аст, аммо тавре мегӯянд, “Мо ҷаҳонро наметавонем дигар кунем, вале дунёи атрофамонро тағйир дода метавонем”,- хулоса кард Озодхон Давлатшоев.