Оператори диҷитоли «Tcell» ҳамчун шарики инфрасохтории давлат ва соҳибкорӣ дар шаклгирӣ ва тавсеаи роҳҳалҳои фановарии нав амал карда, дар намоишгоҳи байналмилалии «EXPO SUGHD 2023» роҳҳалҳои марбутро ироа медиҳад, ки барои таъмини корхонаю ташкилот бо дастрасӣ ба интернет ва коркарди додаҳои бузург истифода мешаванд.

«EXPO SUGHD 2023» аз 22 то 24-уми июн дар шаҳри Хуҷанд баргузор мешавад. Дар доираи намоишгоҳи байналмилалӣ, ки аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст, ҷаласаҳои панелӣ баргузор гардида, байни намояндагони доираҳои соҳибкории Тоҷикистон ва кишварҳое, ки дар намоишгоҳи тиҷорӣ иштирок мекунанд, қарордодҳои муштарак баста мешаванд.

Рушди лоиҳаҳои тиҷоратӣ ва шарикӣ байни кишварҳои ширкаткунандаи намоишгоҳи тиҷоратии «EXPO SUGHD 2023» – Русия, Узбекистон, Қазоқистон, Беларус, Туркия, Эрон, Туркманистон ва Чин рӯйдоди аслии ҳамасола дар минтақа маҳсуб мешавад.

Tcell, дар навбати худ, инчунин маҳсулоти муосири диҷитолии модерн ва роҳҳалҳои тиҷоратиро пешкаш мекунад. Дар байни онҳо замимаҳои мобилии «Mой Tcell» ва «Chi Gap» дар роҳҳалҳои мухобироти ҳамгироишуда, аз қабили таъмини корхонаҳои минтақаҳои душворгузари кӯҳистон бо дастрасӣ ба интернети баландсуръати мобилӣ дар асоси пойгоҳҳои мобилӣ мебошанд.

Ҳамасола беш аз 20 000 нафар аз намоишгоҳи байналмилалии тиҷорат дидан мекунанд ва чанд сол аст, ки Tcell ба ҳамаи меҳмонон дастрасии боэътимод ва ройгон ба интернети баландсуръатро фароҳам меорад, то ширкаткунандагон таассурот ва эҳсосоти худро мубодила кунанд ва намояндагони доираҳои тиҷоратӣ тавононанд, ки сари вақт шартномаю созишномаҳои судмандро бо корхонаҳои маҳаллӣ банданд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь