Дар саросари Тоҷикистон ба иди Наврӯз – ҷашни эҳёи табиат омодагӣ мебинанд. Ширкати Tcell низ истисно нест. Дар рӯзҳои ид сарборӣ ба шабака чанд маротиба афзоиш меёбад, зеро бештар аз ҳар вақти дигар дар иртиботи доимӣ қарор доштан бо наздикону пайвандон ва мубодилаи эҳсосоту таассурот зарур аст.
Дар Душанбе чанде қабл 3 пойгоҳи нави шабакаи 4G-и Tcell ба фаъолият оғоз карданд. Шабакаи баландсуръати 4G аз Tcell интернетро то ҳадди имкон барои истифодаи муштариён осону бароҳат мегардонад. Агар мехоҳед рӯзҳои истироҳатии худро хубу роҳат пушти сар намуда, бо наздиконатон ҳамеша дар тамос бошед, пас бастаҳои G5000 ва G10000-ро пайваст кунед! Дар давраи аз 20 то 22 март, ҳангоми фаъолкунии бастаҳои G5000 ва G10 000 муштариён 2 маротиба зиёд Интернет мегиранд.
Аз баҳори хуҷастапай, таҷлили ид ва муоширати бемаҳдуд бо Tcell баҳра баред!
Пешоҳанги бозори телекоммуникатсионии кишвар- ширкати Tcell тавсеаи фарогирии шабакаи LTE-ро дар дигар шаҳру ва минтақаҳои Тоҷикистон низ идома медиҳад. Tcell саъю талош дорад, ки дар саросари ҷумҳурӣ шабакаро рушд диҳад ва барои ҳамватанон имкониятҳои нави технологӣ боз кунад.