Оператори навовар ва пешсафи кишвар – Tcell озмуни “Худам хабарнигори худам”-ро эълон мекунад. Барои иштирок дар озмун як таърихи ҷолиб ё хандаовар кифоя аст, ки он тавассути телефон наворбардорӣ шудааст. Гузориши худро сабт кунед ва аз яке аз 3 смартфони MI 10 1-ро бо дурбини 108MP бурд кунед.

Бешубҳа, ҳар кадоме аз мо дар смартфонҳои худ наворҳоеро дорем, ки боиси ханда, табассум, тааҷҷуб ва завқ мешаванд.

Дар видео чӣ метавонад вуҷуд дошта бошад? Ҳама чиз! Он қадар лаҳзаҳои фаромӯшнашаванда мавҷуданд, ки онҳоро бо дурбин сабт кардан мумкин аст: лаҳзаҳои хандовар аз ҳаёти фарзандони Шумо, ҳаракатҳои аҷиби ҳайвоноти хонагӣ, амалҳои дӯстону наздикон, лаҳзаҳои гуворо ва ё номусоиди зиндагӣ.

Навор бояд ба талаботҳои зерин ҷавобгӯ бошад:

Давомнокӣ – на зиёда аз 1 дақиқа;

Навор набояд таблиғи ақидаҳои динӣ, сиёсӣ ва ё ғайраро дар бар гирад;

Мундариҷаи видеоҳо набояд дорои амалҳои ғайриқонунӣ, дашному ҳақорат ва маводҳои рейтингии 18+ бошанд.

Меъёри асосӣ асолат аст! Шахсан худи Шумо бояд муаллифи навор бошед ва макони сабт ҳатман дар Тоҷикистон бошад. Ҳар гуна сирқат (дуздӣ)-и видео, ки ба иштирокчӣ таалуқ надорад, аз озмун ҳазф ва худи иштирокчӣ аз озмун хориҷ карда мешавад.

Видеоро ба Telegram ба рақами  +992934601661 ирсол намоед ва ҷоизаҳоро ба даст оред: 3 смартфони MI 10 бо камераи 108MP!

Ҳама наворҳо дар шабакаи Tcell дар YouTube ва дар саҳифаҳои расмии Tcell дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд. Аз рӯи натиҷаҳои озмун комиссия аз ҳисоби кормандони ширкат наворҳои ғайриоддиву аҷибро интихоб хоҳанд кард.

Мӯҳлати озмун: аз 1 сентябр то 31 октябр.

Эълони натоиҷи озмун: 2 ноябр.

Tcell аз Шумо наворҳои асл ва хандаоварро интизор аст! Комёбӣ насиби Шумо!

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь