Зиёда аз 500 нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон – волидайн, хешу табор ва ҷабрдидагоне, ки аз кирдорҳои ҷиноятии ҳизби наҳзати исломӣ зарари ҷонӣ ва молӣ дидаанд, инчунин онҳое, ки фарзандонашон бо роҳнамоии ҲНИ ба давлатҳои Афғонистон, Ироқ ва Сурия, барои иштирок дар ҷангҳо ба ҳайси муҷоҳид равон намудаанд, мақсади ташкили ошӯбро дар назди сафоратхонаи кишвари Олмон дар Душанбе доранд.

Ин ошуб бо ташаббуси модари Абдусамадов Ҳусейн – Шодмонова Гулчеҳра, ки  ба қавли ӯ фарзанди ӯро ҳизби наҳзати исломӣ гумроҳ карда, дар куштори сайёҳони хориҷӣ истифода бурд, мешудааст.

Ҳадафи тазоҳургарон , маҳкум намудани мавқеи кишвари Олмон, ки  барои гузаронидани  тазоҳурот ба ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи  ҲНИ дар Берлин иҷозат додааст ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон додани мавқеи ин давлат ҳамчун кишвари пуштибон аз ҳизби террористии мамнӯъ дар Тоҷикистон будааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь