Дар маҳфили “Тавозун”, ки имрӯз дар Маркази тадқиқоти стратегӣ баргузор шуд, коршиносон аз ислоҳот дар низоми андоз ва андозбандии ҶТ маълумот доданд.

Абдураҳмон Наҷмиддинзода, коршиноси масъалаҳои молияи давлатӣ дар масъалаи андоз ва аҳамияти онҳо дар рушди иқтисоди миллӣ маърӯза кард.

Сардори шуъбаи андози назди Ҳукумати ҶТ дар бораи баъзе сабукиҳо, аз ҷумла, супоридани эъломия, пардохти андоз, ҳисоби пардохт ва гирифтани маълумоти зарурии андоз ва ғайра тариқи сомонаи Кумитаи андоз маълумот дода, афзуд, ки ин сомона кори андозсупорандагонро хеле сабук кардааст.

Коршиносон ба суолҳои рӯзноманигорон дар масъалаҳои дигари андозу андозбандӣ ва низоми он посух доданд.

Маҳфили “Тавозун” бо ташаббуси ТҶ “Хома” дар доираи лоиҳаи “Дастгирии идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон” доир гардид.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь