Намозгузорони масҷиди “Ҳамадонӣ” ва сокинони бинои 12-ошёнаи кӯчаи Испечак-2, М-10, дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе аз он изҳори норизоӣ доранд, ки таваққуфгоҳро дар ин макон ба бозори мошинҳо табдил додаанд. Аз ин рӯ, маҷбур мешаванд мошинҳояшонро сари роҳ гузоранд, ки ин ҳолат ба ҳаракати бонизоми нақлиёти ҷамъиятӣ ва шахсӣ монеа пеш меорад.

Як намозгузор, ки худашро Хуршед муаррифӣ кард ва дар маҳаллаи Зарафшон истиқомат мекардааст, мегӯяд, ҳар шом, баъд аз кор аз назди масҷиди “Ҳамадонӣ” мегузарад ва намозашро он ҷо мехонад. Ӯ гуфт, барои гузоштани мошинаш ба таваққуфгоҳ медарояд, вале ҷойҳо доим банданд ва мошин мондан имкон надорад. Хуршед мегӯяд, илоҷ надорад ва маҷбур аст, мошинашро сари роҳи калон гузорад.

Ӯ аз масъулин ва кормандони Раёсати БДА хоҳиш дорад, ки таваққуфгоҳро аз бозори мошинҳо озод кунанд ва дар таъмини ҳаракати бонизоми нақлиёти ҷамъиятию шахсии шаҳрвандон саҳим бошанд.

Сокинон мегӯянд, се сол қабл, пас аз он ки дар рӯ ба рӯи масҷиди “Ҳамадонӣ”, аз ду тарафи роҳи калон, таваққуфгоҳҳоро ба истифода доданд, намозгузорону корафтодагон озодона мошинҳояшонро он ҷо мегузоштанд. Дар вақтҳои намоз роҳи асосӣ ҳам озод буду нақлиёти ҷамъиятӣ бо низом ҳаракат мекард. Ҳамчунин, мизоҷони супермаркети “Би 1” низ аз вазъият розӣ буданд. Аммо чанд моҳи ахир таваққуфгоҳ ба бозори шабонарӯзӣ ва доимии мошинҳои гаронарзиши бархе ашхос табдил ёфтааст. Ҷойҳо ҳамеша банд аст ва ронандаи ба ин ҷо омада, маҷбур мешавад, мошинашро ё сари роҳи калон, ё зери бинои истиқоматӣ гузорад.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь