28-уми январ раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили зисти Обидҷон Тӯйчиев рафт. Дар ин бора манбаи “Суғднюс” хабар медиҳад. Обидҷон 27-уми январ бар асари афтидани гулӯла ба хонааш фавтида буд. Ӯ нахустин қурбонии муноқишаи охирини марзии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошад. Рӯзи 28-уми январ мақомоти тоҷик аз ҳалокати шаҳрванди дуюми Тоҷикистон хабар дода буданд.
Раиси вилоят аз номи Ҳукумати кишвар ва МИҲД-и вилояти Суғд ба хонаводаи марҳум изҳори таслият баён кард. Таъкид карда шуд, ки вазъ зери назорати мақомоти ҳифзи ҳуқуқ қарор дорад. Гуруҳи корӣ гуфтушунид анҷом дода, сабабҳои рух додани вазъ омӯхта мешавад. Раиси вилоят гуфт, ки дарди дили сокинони марзӣ дарди дили уст.
“Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди ҳалли масъалаҳои марзиро зери назорати худ гирифта, барои ҳалли саривақтии он мақомоти дахлдорро вазифадор кардаанд”, – гуфтааст Раҷаббой Аҳмадзода.
27-уми январ байни дар маҳаллаи Зарафшон ва Чоркуҳ байни марзбонони Тоҷикистон ва Қирғизистон муноқиша ба вуҷуд омад. Дар натиҷаи ин муноқишаи марзӣ аз ҷониби Тоҷикистон ду нафар ба ҳалокат расида зиёда аз 20 нафари дигар захмӣ гардиданд.
Дар ин баробар раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар якҷоягӣ бо раиси шаҳри Исфара Баҳоваддин Баҳодурзода ба аёдати захмиёни муноқишаи рӯзи охир рафтааст.
Гуфта мешавад, ки ба ҳамаи шаҳрвандон аз номи сарвари давлат кумаки моддӣ расонида шудааст. Зимни суҳбат зикр гардид, ки барои барқарор намудани саломатии онҳо мутахассисони соҳибихтисос аз вилояти Суғд ҷалб шудаанд.
Раванди табобати ҳамаи осебдидагон таҳти назорати роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд гирифта шуда, тамоми доруҳои зарурӣ ба беморхона интиқол дода шуданд.
Ҷониби Қирғизистон теъдоди захмиёнашро 11 нафар эълон кард.
Субҳи имрӯз намоядагони ду ҷониб сари мизи музокирот нишастанд ва музокирот зиёда аз ду соат давом намуд. “Азия плюс “дар такя ба хабарнигори худ аз натиҷа надодани ин музокирот хабар дод. Инчунин ин расона навишт, ки дар назар аст, 29-уми январ ҷонибҳо музокироти навбатиро баргузор кунанд.
Айнӣ ҳол вазъ дар марз муътадил арзёбӣ мегардад.
Бахтиёр Раҳматуллоев