Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Сангвор (собиқ Тавилдара) овозаҳо дар мавриди талафоти садҳо чорвои калону майда бар асари фаромадани тарма дар деҳаи Дараи Ҳайрон ва, ҳамчунин, дасти ёрӣ дароз накардани кормандони ҳолатҳои фавқулода ба сокинони деҳаи мазкурро рад мекунанд.

Муовини раиси ноҳияи Сангвор Қурбонзода Темур дар як суҳбати телефонӣ ба «Фараж» гуфт, айни ҳол дар маҳалли ҳодиса қарор дорад ва аз субҳи имрӯз, 29-уми март намояндагони шабакаи барқ, назорати санитарию эпидемиологӣ, беморхонаву КАТС ва дигар хадамот даст ба коранд.

– Тарма дирӯз, 28-уми март, субҳи барвақт, тахминан соати 4 рух дод. Хушбахтона, сокинони деҳа талафоти ҷонӣ надиданд. 17 сар чорвои калон, беш аз 30 сар моли майда, боғҳои наздиҳавлигӣ, дар умум, 6 адад иншооти ёрирасон зарар дидааст. Хонаҳои истиқоматии сокинон ягон осеб надидаанд. Барои зарар дидани биноҳои ёрирасон ягон ёрӣ пешбинӣ намегардад, вале дар масъалаи ёрӣ ба сокинони зарардида санад тартиб дода, ба Кумитаи ҳолатҳои фарқулодда пешниҳод мекунем. Агар ягон дастгирӣ шавад, ҳатман ба зарардидагон дастрас карда мешавад, – гуфт Қурбонзода.

Дараи Ҳайрони ноҳияи Сангвор аз деҳаҳои хеле қадим ва дар миёни куҳ ҷойгир аст. Сатҳи расидани тарма ба манзилҳои сокинон хеле кам аст, вале мардум худсарона, оғилхонаҳояшонро дар зери кӯҳ, ки имкони тармафароӣ зиёд аст, бунёд мекунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь