Дар километри 46-уми роҳи Душанбе-Чаноқ, дар натиҷаи садама, мошини ҳомили гази моеъ таркидааст. Ба ҳамин далел ҳаракати нақлиёт дар ин роҳ мутаваққиф шуда, дар айни ҳол роҳи Душанбе – Чаноқ муваққатан баста аст.

Филиали ширкати “Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД” дар Тоҷикистон хабар медиҳад, ки ҳодиса субҳи имрӯз, 6-уми сентябр, рух дода, мошини ҳомили гази моеъ бинобар аз кор баромадани тормоз ба садама дучор шудааст ва дар натиҷа, таркиш ба амал омадааст.

“Вобаста ба ин, ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин минтақа муваққатан маҳдуд гардид”, – хабар медиҳад ширкат.

Аз талафоти ҷонӣ дар ин таркиш ва то чанд муддат баста шудани роҳ хабар дода нашудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь