Рӯзи 14-уми июли соли 2019 дар ҷануби кишвар, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ таркиш ба амал омадааст, ки дар ин ҳодиса пурра нуқтаи сӯзишворӣ ба коми оташ рафтааст.

Шоҳидони ҳодиса гуфтанд, ки ин таркиш соати 12 рӯзи 14-уми июни соли 2019 ба амал омадааст.

Дар ин ҳодиса нуқтаи сӯзишворӣ пурра ба коми оташ рафта, ҳамчунин мошини боркаш низ хароб шудааст.

Ба гуфти шоҳидони ҳодиса дар ин таркиш талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Аммо хонаҳои истиқоматии сокинон зарари ҷиддӣ дидаанд.

То ҳол маблағи зарари ин таркиш аз тарафи мақомот шарҳ дода нашудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь