Дар маҷлиси якуми Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон  масъалаҳои ташкилӣ дида шуд. Таркиби нави палатаи болоии Олий Маҷлис бо интихоб кардани 84 нафар  ва аз тарафи Президент таъйин кардани 13 нафар сенатор ташкил шуд.

Шавкат Мирзиёев номзадии Танзила Норбоева ва ҷонишинҳои ӯро ба аъзои нави сенат пешниҳод кард. Аз роҳи овоздиҳии махфӣ ба мақоми раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева ва ҷонишинони ӯ интихоб карда шуданд.

– Ӯзбекистон дар се соли охир ба марҳилаи нави тараққиёт ворид шуд ва дар мамлакат дигаргуниҳои куллӣ рух медиҳанд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

Президенти Ӯзбекистон дар бораи иттиҳодияҳои интегратсионӣ таваққуф намуд. Вай гуфт, ки пайвастан ба чунин иттиҳодияҳо маънои онро надорад, ки истиқлолияти Ӯзбекистон зери суол хоҳад монд.

– Дар бораи интегратсия фикрамро гуфтанӣ ҳастам. Шаҳрвандони зиёди мо дар хориҷа, аз ҷумла Қазоқистону Русия, кор мекунанд. Мо бо онҳо чи гуна ҳамкорӣ мекунем? Дар ҳоле ки одамони зиёди мо он ҷо кор мекунанд, мо оё ба ин бетафовут назар карда метавонем? Ин дуруст нест. Як нуктаро бояд донед. Ҳеч кас ҳеч вақт ба ягон кас истиқлолиятро намедиҳад. Истиқлолият дар дасти президент аст, ки халқ ба вай эътимод намудааст. Мо сода нестем, чиро медиҳем? Мо ба он аъзо намешавем, ба ҳайси нозир ҳамроҳ мешавем. Мисли тамошобин. Мебинем, ки кадомаш маъқул асту кадомаш маъқул нест, – изҳор кард Шавкат Мирзиёев.

Ба таъкиди Президенти Ӯзбекистон барои коркарди меваву сабзавот ба маблағи 2 миллиард корҳо оғоз ёфтаанд. Гуфта шуд, ки дар давоми 30 сол ягон маҳсулоти содиротии Ӯзбекистон ба стандартҳо мувофиқ наомадааст.

– Ин қадар маҳсулотро ба кӣ бояд фурӯшем? Моро кӣ мунтазир шуда нишастааст? Фардо одаме, ки ин қадар маҳсулотро дар яхдон нигоҳ медорад, оё намегӯяд, роҳбар, бароям мизоҷ пайдо кун, бароям пул деҳ? – гуфт сарвари давлати Ӯзбекистон.

Бино ба гуфтаҳои ӯ,  дуруст аст, ки дар Аврупо нисбат ба минтақаҳои дигар нархи маҳсулот 3-4 ё 5 доллар гаронтар аст, вале қабл аз ҳама бояд киштзорҳои кишвар аз маводи кимёвӣ бояд тоза карда шаванд, зеро маҳсулоти Ӯзбекистон аз рӯи стандатҳояш барои интиқолу фурӯш ба Аврупо мувофиқат намекунанд.

Интизор меравад, ки Шавкат Мирзиёев 24 январ зимни хитобаи худ ба Парлумон ва мардуми Ӯзбекистон дар бораи вазифаҳои як соли баъд ва нақшаҳои ин кишварро барои пайвастан ба иттиҳодияҳои иқтисодӣ ироа хоҳад кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь