Бозиҳои марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО барои бошгоҳҳои кишвар рӯзи 11-уми март оғоз шуда, то 17-уми июн идома мекунад. Дар аввалин бозӣ ду дастаи кишвар – “Истиқлол” ва “Хуҷанд” бо ҳам неру месанҷанд. Баргузории ин дидор рӯзи 11-уми март, соати 16:00 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дар назар аст.
Дар бозии даври дуюм “Истиқлол” ба меҳмонии “Олтин Асир”-и Туркманистон меравад. Баъдан душанбегиҳо дар доираи даврҳои 3-4, дар бозиҳои хонагию сафарӣ бо “Дордой” дидор мебинанд. Баргузории бозиҳо мутаносибан дар рӯзҳои 29.04.20 ва 13.05.20 дар назар аст. Дар идома шогирдони Виталий Левченко 27-уми май ба меҳмонии “Хуҷанд” мераванду 17- уми июн мизбони “Олтин Асир” мешаванд.
Футболбозони “Хуҷанд” ҳарсе бозии марҳилаи аввали худро дар Тоҷикистон мегузаронанд. Онҳо баъд аз бозӣ бо “Истиқлол” дастаҳои “Дордой” (15.04.20) ва “Олтин Асир”-ро (29.04.20) дар майдонашон қабул мекунанд. Дар доираи даври 4-ум шогирдони Никола Лазаревич ба меҳмонии “Дордой” рафта, рӯзи 27-уми май “Истиқлол”-ро дар майдонашон қабул мекунанд. “Хуҷанд” бозии ҷамъбастиашро дар гуруҳ 17-уми июн бо “Дордой” баргузор мекунад.
Соли гузашта низ ин ду дастаи Тоҷикистон дар бозиҳои марҳилаи гуруҳии Ҷоми КФО иштирок карда будаанд, вале, мутаассифона натавонистанд ба марҳилаи баъдӣ роҳ ёбанд.
Бозиҳои гуруҳӣ то 17-уми июн идома карда, танҳо ғолиби гуруҳ муборизаро барои соҳиб шудани ҷом идома медиҳад.
Бахтиёр Ҳакимов