Баъзе аз шахсони масъули Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти маҳаллӣ ба ҷойи ба танзим даровардан ва пешгирию бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, беғаразона баррасӣ ва мусоидат намудан барои дар доираи талаботи қонунгузорӣ баргузории тӯю маъракаҳои мардум, худашон танзими инсон буданро риоя накардаанд.

Маркази матбуоти Прокуратураи генералӣ хабар медиҳад, ки дар фаъолияти баъзе шахсони мансабдор дар таъмини иҷро ва назорати риояи қонунгузории танзими анъана ва ҷашну маросимҳо омилҳои коррупсионӣ ошкор шудаанд.

Санҷиши дар ин самт гузаронидаи прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нишон додааст, ки баъзе шахсони масъули Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур  ба ҷои пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, беғаразона баррасӣ ва мусоидат намудан барои дар доираи талаботи қонунгузорӣ баргузории тӯю маъракаҳои мардум, худ даст ба пулситонӣ ва дигар омилҳои коррупсионӣ зада, барои додани иҷозати гузаронидани маъракаҳо аз шаҳрвандон маблағҳои пулӣ гирифтаанд.

2 октябри соли 2017 сармутахассиси Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Саидов Фарҳод Ғайбуллоевич бо роҳи фиреб ва сӯйистифода аз ваколатҳои мансабиаш барои иҷозат додани баргузории тӯйи арӯсию домодӣ аз сокини ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанов шаҳрванд Қурбонов Алишер 180 сомонӣ хостааст ва худи ҳамон рӯз ҳангоми гирифтани пора аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳия дастгир карда шудааст.

Дар рафти санҷиш маълум гардидааст, ки шаҳрванд Қурбонов А. бе падар ба воя расида, модараш гирифтори бемории вазнин ва шароити зиндагиашон хуб нест. Ба ин нигоҳ накарда, Саидов Ф. Аз номбурда барои додани иҷозати баргузории тӯйи домодиаш пул талаб кардааст.

Ғайр аз ин, номбурда 2 октябри соли 2017 бо ҳар гуна баҳонаҳои бофтаю беасос аз шаҳрванд Эшмуратов Ш. низ барои баргузории тӯйи домодиию арӯсии бародараш 150 сомонӣ гирифтааст. Аз рӯйи ин ҳолатҳо прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нисбати Саидов Ф. бо моддаи 247, қисми 2, бандҳои “в”,“г”-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда баъди баррасӣ ба суд фиристодааст. Суд ин порахӯрро маҳкум ва ба андозаи 365 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ҷазои ҷарима таъин кардааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь