Ба беморхонаи марказии ноҳияи Кушониён бо харҷи беш аз як миллион сомонӣ таҷҳизоти муосири тиббӣ ворид гардид, ки ин кори табибонро осон хоҳад кард.

dav

Сардухтури беморхонаи мазкур М. Давалтзода, гуфт, ки беморхона аз надоштани таҷҳизоти муосири тиббӣ танқисӣ мекашид.

– Чанде пеш бо дасгирии Вазорати тандрустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикитстн ва созмонҳои хориҷӣ ба беморхона таҷҳизоти ултрасадо, мониторинг, инкубатор, кат барои зоиши занони ҳомила ва ба ин монанд даҳо дастгоҳи дигар ворид шуд, – илова кард сардухтур.

– Баъди ворид шудани чунин таҷҳизот муайн кардани бемории мизоҷон аз тарафи табибон осон гардид, – қайд кард ӯ.                                                                                            Масъулони беморхона ният доранд, дар оянда пурра норасоии таҷҳизотро дар беморхона бартараф карда, сатҳи хизматрасонии тибиро ба аҳоли боз ҳам хубтар кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь