Дар ноҳияи Вахш директор ва ҳамдасташ барои ҳуҷчатгузорӣ кардани манзили истиқоматии як шаҳрванд пора талаб кардаанд ва дар натиҷа ба даст афтодаанд.
“Шарипов Суҳроб Зарипович дар вазифаи директори КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар ноҳияи Вахш кору фаъолият намуда, дар якҷоягӣ бо ҳаммаслаки худ Сатторов Рустам Сафарбоевич барои омода кардани шиносномаи техникии манзили истиқоматии шаҳрванд “А” ба масоҳати 0,08 га аз номбурда маблағи 5 000 сомонӣ талаб намудаанд”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия.
Кормандони Аентии мазкур номбурдагонро ҳангоми гирифтани пора аз шаҳрванд “А”, ба миқдори 5000 сомнӣ дастгир кардаанд.
Дар натиҷа нисбати Шарипов Суҳроб ва Сатторов Рустам парвандаи ҷиноӣ боз карда шудааст.