8-уми январ айбдоркунандаи давлатӣ барои чеҳраҳои маъруф ва ходимони пешини давлатии Тоҷикистон, ки бо гумони ғасби қудрат боздошт шудаанд, аз Додгоҳи олии Тоҷикистон солҳои тӯлонии зиндон талаб кардааст.
Айбдоркунандаи давлатӣ ба Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон ва раиси собиқи Ҳизби демократи Тоҷикистон ва Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷии Тоҷикистон, 30 солӣ зиндон талаб кардааст. Додситон дар мурофиаи рӯзи 8-уми январ ба ҳамаи чеҳраҳои парвандаи ба истилоҳ “табаддулот” аз 20 то 30 соли зиндон хостааст:
Саидҷаъфар Усмонзода, вакили парлумон, раиси пешини ҲДТ, 30 сол;
Ҳамрохон Зарифӣ, вазири пешини корҳои хориҷаи Тоҷикистон, 30 сол;
Акбаршоҳ Искандаров, раиси пешини Шӯрои олии Тоҷикистон, 23 сол:
Абдулфайз Атоӣ, сардори пешини яке аз раёсатҳои ВКХ, 23 сол;
Аҳмадшоҳ Комилзода, муовини пешини раиси ҲДТ, 23 сол;
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқшиноси тоҷик ва муовини аввали раиси ҲСДТ 20 сол.
– Нурамин Ғанизода, сарҳанги бознишастаи амният, ёвари Ҳамроҳхон Зарифӣ дар замони кораш дар ВКХ, 26 сол;
-Ҷамшед Боев, сарҳанги бознишастаи амният, 26 сол зиндон.
Дар бораи талаби айбдоркнандаи давлатӣ Радиои Озодӣ ҳам аз қавли манбаъҳои худ хабар дода, инчунин навиштааст, ки додситон ба ду палковники бознишастаи КДАМ Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев низ дар доираи ин парванда 26 солӣ ҳукми зиндон талаб кардааст.
Боздошти чеҳраҳои матраҳи сиёсати Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2024 баъди дастгир шудани Саидҷаъфар Усмонзода оғоз шуд. Рӯзи 14-уми июни соли 2024 Юсуф Раҳмон, додситони кул як зимни ҷаласаи парлумон дар назди вакилон гуфт, ки бар зидди Саидҷаъфар Усмонзода “барои бо зӯроварӣ ғасб намудани ҳокимият” ё моддаи 306, қисми 2, банди “в”-и Кодекси ҷиноятӣ парванда боз шудааст. Баъд аз ин яке паси дигар, чеҳраҳои шинохта, Акбаршоҳ Искандаров, Аҳмадшоҳ Комилзода, Ҳамрохон Зарифӣ, Шокирҷон Ҳакимов, Абдулфайз Атоӣ, Нурамин Ғанизода ва Ҷамшед Боев боздошт шуданд. Юсуф Раҳмон дар як нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки боздошти аксари ин онҳо ба парвандаи Саидҷаъфар Усмонзода рабт дорад.
Аксари боздоштшудагон бо моддаҳои 305 (хиёнат ба давлат) ва 306 (ғасби ҳокимият) ва баъзеашон бо моддаҳои 247 (қаллобӣ), 189 (барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ)-и Кодекси ҷиноятӣ айбдор шудаанд.