Прокуратураи генералии Тоҷикистон аз ҳукми абад гирифтани як таҷовузкор, ки ба номуси духтари 3-сола даст дароз кардааст, хабар дод.

Дар хабари маркази матбуоти ин ниҳод гуфта мешавад, ки Зиёев Юсуф Раҷабалиевич, ки қаблан ду маротиба суд шуда буд, аз гузаштаи худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз дар ҳолати ретсидиви хавфнок ба содир намудани ҷиноятҳои қасдонаи махсусан вазнин – таҷовуз ба номус ва ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида даст задааст.

Зиёев бо мақсади мардикорӣ ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷои зисти доимӣ надошт, мунтазам машруботи спиртӣ истеъмол намуда, дар даромадгоҳҳои хонаҳои истиқоматии баландошёна, майдончаҳои варзишӣ ва кӯчаву паскӯчаҳои беодам шабҳоро гузаронидааст.

5-уми майи соли 2020 ҳангоми гузаштан аз кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев, бинобар ҳолати мастии майзадагӣ ҳиссиёти шаҳвониаш боло рафта буд, хурдсол “А”, соли таваллудаш 2017-ро танҳо дида, дар вуҷудаш қасди содир намудани алоқаи ҷинсӣ ва ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ ба вуҷуд омадааст.

Ӯ бо мақсади ғаразнок, яъне содир намудани таҷовуз ба номус ва ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ бо духтари хурдсол “А” бо роҳи фиреб, бо баҳонаи аз мағоза барояш харидани чизе, охиринро тариқи мусофиркаши ҷамъиятӣ аз кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев ба кӯчаи Зарафшон-2 ноҳияи Сино бурдааст.

Зиёев баъд аз ин, ба назди истгоҳи трансформатори № 9/4 ноҳияи Сино омада, аз ҳолати кушода будани дари хуҷраи трансформатори мазкур ва набудани одамони гирду атрофи он истифода карда, духтари хурдсол “А”-ро дохили ҳуҷраи номбурда, ки тавоноии 1000 кВА-ро дорад, даровардааст. Барои озодона анҷом додани қасди ҷинояткоронаи худ, шароит фароҳам оварданӣ шуда, аз гирду атроф як адад палос ва курпаи истифодашудаи фарсударо пайдо карда, дар замин партофтааст.

Ӯ аз ҳолати оҷизии духтари хурдсол “А” истифода карда, нафси шаҳвонии худро қонеъ намудааст. Баъди содир намудани ҷинояти таҷовуз ба номус ва анҷом додани ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

7-уми майи соли 2020 шаҳрвандон духтари хурдсол “А”- ро дар кӯча танҳо дарёфт намуда, дар ин хусус ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар додаанд.

Дар натиҷаи андешидани чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Ю.Р. Зиёев 8-уми майи соли 2020 дастгир гардида, нисбаташ бо аломатҳои моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷинояти оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шуд.

Бо ҳукми коллегияи судӣоид ба парвандаҳои ҷиноятии суди шаҳри Душанбе аз 9 июли соли 2020 Зиёев Юсуф Раҷабалиевич бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, дар маҷмуъ ба ӯ ҷазои якумра маҳрум сохтан аз озодӣ таъйин карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь