Дар маркази вилояти Хатлон шаҳри Бохтар ба ифтихори 31-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши тантанавӣ баргузор гашт.
Дар он муовини раиси вилояти Хатлон Ҷамшед Каримзода, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, афсарону сарбозон ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ иштирок доранд.
Дар ибтидо Каримзода паёми табрикии раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саидро ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ, ки неруи муқтадири ҳифзи арзишҳои миллию давлатдорӣ ба ҳисоб меравад, ба аҳли толор расонд.
Тавре гуфта шуд, таҷрибаи давлатдории миллату халқиятҳои олам собит намудааст, ки ҳастии ҳар кишвару ҷомеа ва рушди озодонаи ҳар як фарди он бе Қувваҳои Мусаллаҳи пуриқтидори худ вуҷуд дошта наметавонад. Чунки ин қувва таъминкунандаи амнияти кишвар буда, оромию осоиштагии мардум ва суботи ҳар як давлатро таъмин менамояд.
– Мо ифтихор мекунем, ки дар давоми 31 сол, бо дастгирӣ ва иқдому ташаббусҳои наҷиби сарфармондеҳи олии Қувваҳои Мусаллаҳ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Артиши ҷавони Тоҷикистон давраҳои ташкилу фаъол намудани мақомоти ҳарбӣ, бунёди навъи қӯшунҳо, қисмҳои низомӣ, марҳилаҳои рушду камоли артиш, баланд бардоштани омодабошии ҷангӣ, татбиқу истифодаи таҷрибаҳои пешқадам дар омӯзиши мақомоти идории ҳарбӣ ва дар роҳи пурзӯру мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии мамлакат қадамҳои устувор гузошт ва дар самти ҳимояи марзу буми Тоҷикистони азиз ба як неруи бузургу қудратманд табдил ёфт, – афзуд муовини раиси вилоят.
Қайд гардид, ки дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир Артиши миллӣ дар таҳкими пояҳои истиқлоли давлатӣ, тамомияти арзӣ, ваҳдати миллӣ ва таъмини амнияти ҳарбию сиёсии мамлакат нақши барҷаста дорад.
Изҳори итминон шуд, ки минбаъд низ афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар сохторҳои низомӣ, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тамоми ҷавонмардони сарбаланди Тоҷикистони соҳибистиқлол бо садоқати беҳамто ба давлат, миллат ва Ватани худ рисолати муқаддаси хеш, яъне ҳимояи истиқлолу озодии Ватан ва зиндагии орому осудаи халқи азизи кишварро бо ҳисси баланди миллӣ ва эҳсоси гарми ватандӯстӣ иҷро мекунанд.
Ба як қатор собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳ, афсарону сарбозони фаъоли вилоят Сипосномаи раиси вилояти Хатлон дар вазъияти тантанавӣ тақдим карда шуд.