Имрӯз Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода, муовини сарвазири Тоҷикистон, бар асоси як фармони Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, аз мақомаш барканор ва сафири нави Тоҷикистон дар Русия таъйин шуд. Ин фармон дар вебгоҳи Президенти Тоҷикистон нашр гардид.

Ҳамчунин, бо як фармони дигари раисҷумҳур Имомуддин Сатторов аз мақоми сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия ва ҳамзамон сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арманистон ва намояндаи комилҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил барканор шуд.

Дар фармон далели барканории Сатторов “гузаштан ба кори дигар” ишора шудааст, аммо фармони таъйиноти ӯ дар мақоми наве то кунун нашр нашудааст.

Ҳамчунин, бар асоси фармонҳои Президенти Тоҷикистон Файзулло Холбобоев аз мақоми сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Молдова озод ва Давлаталӣ Назризода сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина ҳамзамон сафири фавқулодда ва мухтори Тоҷикистон дар Молдова таъйин шудааст.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь