Имрӯз таҳти раёсати муовини раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, иштироки вакилони Маҷлиси намояндагон, роҳбарияти  вазоратҳои молия, кишоварзӣ, саноат ва технологияҳои нав, рушди иқтисод ва савдо,  тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокимаи парлумонӣ дар мавзӯи «Рафти иҷрои Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» дар самти таъмини амнияти озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Аз рӯи масъалаи мазкур, дар назди вакилони Маҷлиси намояндагон муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев, Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода бо ахборот ва гузориши муфассал баромад намуда, изҳор намуданд, ки таъмин намудани амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат, ки баробари дигар 3 ҳадафи олии рушди дарозмуҳлати Тоҷикистон – баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардуми кишвар дар асоси таъмини рушди устувори иқтисодӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва истифодаи самарабахши нерӯи барқ, аз бунбасти коммуникатсионӣ баромада, ба кишвари транзитӣ табдил ёфтан ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул, ҳануз аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати соҳибихтиёр яке аз масъалаҳои умдатарин ба ҳисоб меравад.

Бояд қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2015 ҳадафҳои миллиро дар сатҳи сифатан нав тарҳрезӣ намуданд, ки аз ба марҳилаи нави рушд гузаштани Тоҷикистони соҳибистиқлол шаҳодат медиҳад.

Бо назардошти нақши муҳими соҳаи кишоварзӣ дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии мамлакат бо дастури бевоситаи Пешвои миллат марҳилаи ҳалкунандаи ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ оғоз гардид, ки мақсади он пеш аз ҳама таъмини адолати иҷтимоӣ дар истифодаи замин, ташаккули имкониятҳои бештари иқтисодии истеҳсолоти кишоварзӣ ва таъмин намудани аҳолӣ ба маҳсулоти хушсифат мебошад.

Тадбирҳои амалигардида имконияти сол аз сол беҳтар гардонидани сатҳи зиндагии аҳолиро ба миён оварда истодааст. Танҳо дар давоми солҳои 2011-2017 истифодаи даромади аҳолӣ барои хариди хӯрокворӣ аз 67,3 % соли 2011 то ба 49,2 % соли 2017 кам гардида, мутаносибан барои хариди маҳсулоти ғайриозуқа, пардохти хизмати шахсӣ ва истеҳсоли равона шудааст.

Соли ҷорӣ дар Тоҷикистон меъёрҳои физиологии истеъмоли хӯрокворӣ муайян карда шудаанд.

Ҳамзамон, Пешвои миллат дар Паёми худ ба Мачлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2017 оид ба бозори истеъмолии кишвар ворид гардидани маҳсулоти пастсифат изҳори ташвиш намуда, мақомоти ваколатдори дахлдори давлатиро вазифадор намуданд, ки доир ба риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» чораҳои таъхирнопазир андешанд.

Истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар самти коркард, бандубаст ва афзун намудани ҳачми содироти маҳсулоти соҳа, ворид намудани технологияҳои нав, беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо, баланд бардоштани маданияти истифодаи замин, ташкили марказҳои догистикӣ, сардхонаҳо ва беҳтар намудани корҳои бозорёбӣ (маркетинг) аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим мебошанд.

Иҷрои нн вазифаҳо дар матритсаи банди 3.2 «Бахши аграрӣ. Бехатарии озуқаворӣ ва фароҳам овардани дастраси ба ғизои хушсифат» – и Барномаи миёнамӯҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016 – 2020 саҳеҳ ва шаффоф пешбинӣ гардида, иҷрои онҳо дар заминаи такмил додани идоракунии бахши кишоварзӣ таъмин карда мешаванд.

Аз рӯи масъалаи рӯзнома, ҳамчунин дар назди ҳозирин Нусратулло Нозанинзода муовини якуми вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва  Ҷуразода Тоҷиддин муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон баромад намуданд.

Дар анҷоми муҳокимаи парлумонӣ байни вакилони Маҷлиси намояндагон ва роҳбарияти вазоратҳои марбутаи соҳа  саволу ҷавоб ва музокираҳои судманд баргузор гардид.

Сипас, аз рӯи масъалаҳои муҳокимагардидаи рӯзнома   қарори дахлдор ва тавсияҳои парлумонӣ қабул карда шуд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь