Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» дар якҷоягӣ бо намояндагони ташкилоти «Terre des Hommes Germany” ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич 4 ҳуҷраи кӯдаконаи навтаъмиршударо дар шӯъбаи ҷарроҳии Беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Ҳуҷраҳо дар доираи Лоиҳаи «Дастрасии мардуми деҳот ба хизматрасонии баландсифати тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз ҷониби ТҶ «Садоқат» бо дастгирии молиявии Ташкилоти «TDH Germany» бо маблағи 25 000 евро татбиқ мешавад. Инчунин, дар таъмири ҳуҷраҳо аз ҷониби кормандони беморхона ба миқдори 10 000 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Лоиҳаи мазкур аз 1 октябри соли 2021 ба фаъолият оғоз намуда, то 30 сентябри соли 2022 идома меёбад.
«Мо аз он хушҳолем, ки фаъолияти худро оид ба беҳбуди иншооти иҷтимоӣ ҷиҳати дастгирии кӯшишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷодаи ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи тандурустӣ дар кишвар идома дода истодаем», – зикр намуд директори ТҶ «Садокат» Нигора Негматуллоева.
Инчунин, Нигора Негматуллоева миннатдории худро ҷиҳати дастгирии лоиҳаи мазкур ба Ташкилоти «TDH Germany» ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Деваштич ва масъулини Беморхонаи марказии ноҳия иброз дошт.
Дар доираи лоиҳаи мазкур дар баробари таъмири чаҳор ҳуҷра, боз 12 семинар дар мавзӯи бемориҳои кӯдакон дар назар дошта шудааст. Барои гузаронидани семинар 45 корманди соҳаи тиб аз шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич ҷалб карда мешаванд.
“Ташкилоти «TDH Germany” аз он хушҳол аст, ки дар дастрас кардани муассисаҳои тиббӣ ба кӯдакони ноҳияи Деваштич ва инчунин такмил додани донишу малакаи кормандони соҳаи тиб ва аҳли ҷомеа саҳм мегузорад. Мо ба шарики худ Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» ва мақомоти беморхона барои татбиқи самараноки лоиҳа тавассути ҷалби тамоми ҷонибҳо изҳори сипос мекунем. Ҳар як кӯдак ба саломатӣ ва муҳити зист ҳуқуқ дорад,” – иброз дошт Крис Ҳарман аз Ташкилоти «TDH Germany».
Ин севвумин лоиҳаест, ки аз ҷониби Ташкилоти ҷамъиятии «Садоқат» барои дастгирии беморхонаи марказии ноҳияи Деваштич аз соли 2019 то ба инҷониб татбиқ мешавад.
– Ин лоиҳа як қадами дигар дар самти беҳтар намудани дастрасии кӯдакон ба хизматрасониҳои баландсифати тиббӣ аст. Мехоҳам миннатдории самимии тамоми кормандони беморхонаро ба Ташкилоти «Terre des Hommes Germany» барои дастгирии молиявии назаррас ва ба дастаи кормандони фидокори ТҶ «Садоқат» барои саъю кӯшиши доимиашон барои беҳбуди шароити беморхона баён кунам, – иброз дошт сардухтури беморхонаи марказӣ Ҳазратқул Миров.