Раиси Ҷумҳурии Мардуми Чин Си Ҷинпин субҳи 10-уми март ба Вуҳан, маркази эпидемияи коронавирус, рафтааст. Ӯ мехоҳад дар он ҷо талошҳо дар самти мубориза бо эпидемияро тафтиш кунад. Ба иттилои Рейтерс ин сафари нахустини Си Ҷинпин аз замони хуруҷи коронавирус ба Вуҳан мебошад.
Дар гузориши рӯзи 10-уми марти Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ омадааст, ки вирус ба 100 кишвари дунё паҳн шудааст. Шумораи гирифторон 110 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Эпидемияи мазкур ба таври бесобиқа фазои ҷаҳонро халалдор карда, ҳамаро маҷбур сохт, ки аз сафар то конфронсияҳову чорабиниҳоро ба таъхир гузоранд.
Ҳоло дар Чин 80 ҳазору 750 нафар ба коронавирус мубтало шуданд.
Бино ба гузориши СУТ “беш аз 70 дарсади гирифторони коронавирус дар Чин шифо ёфтаанд, навиштааст Ню-Йорк Таймс.