Вазорати корҳои хориҷаи Сурия дар вокуниш ба ҳамлаи ахири эътилоф бо раҳбарии Америка алайҳи мавзеъҳои неруҳои пуштибони Димишқ, ин ҳамларо «ҷинояти ҳарбӣ» ва «ҳимояти ошкор аз терроризм» хонд.
Вазорати корҳои хориҷаи Сурия номае ба дабири кулли СММ ва раиси Шӯрои амният «дар мавриди куштори ваҳшёна, ки тавассути неруҳои мавсум ба неруҳои эътилофи байналмилал таҳти раҳбари Америка» дар навоҳии Дайруззор ирсол кард.
Вазорати корҳои хориҷаи Сурия дар номаи худ зимни таъкид бар ин ки ин ҳамла, ба масобаи ҷинояти ҳарбӣ ва ҷиноёти алайҳи башарият ва ҳимояти мустақим ва ошкоро аз терроризм аст, онро баёнгар ва нишондиҳандаи «моҳият ва табиати мақсадҳои хабиси Америка зидди ҳокимият ва тамоин арзии Сурия» донист.
Ҳамлаи эътилофи америкоӣ ба Дайруззор рӯзи чоршанбе анҷом шуд. Вазири мудофиаи Америка ҳам дар дифоъ аз ин ҳамлаи эътилоф, онро «дифоъ аз худ» хонд.