Вазорати молияи Сурия воридоти коло аз Русия, Эрон ва Исроилро мамнуъ кардааст, хабар медиҳад нашрияи сурии Al Araby.
Мақомоти нави Сурия эълом карданд, ки воридоти колоҳои Русия, Эрон ва Исроилро дар ҳама гузаргоҳҳои марзии заминӣ ва баҳрӣ мамнуъ кардаанд. Дар сурати ошкор шудани воридоти ғайриқонунии маҳсулот, тамоми молҳои ин кишварҳо мусодира карда мешаванд. Илова бар ин, ҳукумат вуруди шаҳрвандони Эрон ва Исроилро ба кишвар манъ кардааст.
Пас аз суқути Башор Асад, раисиҷумҳури пешини Сурия, воридоти колоҳои хориҷӣ оғоз шуд. Аз ҷумла, дар фурӯшгоҳҳои Димишқ обҳои туркӣ, маҳсулоти ғизоии Саудӣ, шоколадҳои амрикоии Twix ва Snickers ва нӯшобаи Pepsi пайдо шуданд. Давлати Сурия роҳро ба сели воридот аз кишварҳои дигар, аз ҷумла аз Амрико боз кардааст.
«Бо мақсади дастгирии иқтисодиёт, ҳукумати нав иҷозати муомилот бо долларро эълон кард ва маҷмуи нави боҷҳои гумрукии ягонаро бо коҳиши 50% то 60% тасдиқ кард», – қайд мекунад нашрия.