Варзишгари маъруфи тоҷик, қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо миёни собиқадорон ва дар гузашта сармураббии дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон Муҳаммадшариф Сулаймонов 70-сола мешавад.
Номбурда дар тӯли фаъолияти варзишии хеш варзишгарони номии зиёдеро дар кишвар тарбия кардааст, ки ду қаҳрамони самбои ҷаҳон Хушқадам Хисравов ва Акмалиддин Каримов аз ҷумлаи онҳоянд.
Муҳаммадшариф Сулаймонов дар арафаи зодрӯзаш, ки ба 1-уми январи соли 2023 рост меояд, дар сӯҳбат бо “”Фараж” андешаҳояшро дар бораи самбо ва рушди минбаъдаи он дар Тоҷикистон иброз дошт.
Қаҳрамони ҷаҳон дар риштаи самбо М. Сулаймонов гуфт “Барои рушди самбо дар Тоҷикистон дастгирии варзишгарон аз ҷониби Федератсияи самбои кишвар хеле зарур аст. Агар Федератсияи самбо варзишгаронро хуб дастгирӣ кунад, ба машқҳои дастҷамъӣ ва мусобиқаҳои байналмилалӣ сафарбар намояд, пешравӣ мешавад. Омилҳои дигаре, ки ба пешравию рушди варзишгар ва дар арсаи байналмилалӣ парчамбардори кишвар гардидани ӯ мусоидат мекунанд, ин боз ҳам беҳтар таъмин кардани шароити варзишии варзишгарон, ташкил намудани машқҳои дастҷамъӣ бо варзишгарони кишварҳои дигар, омӯхтани маҳорати варзишии ҳамдигар ва аз ҳама муҳим аз ҷиҳати маводи ғизоии серколория таъмин будани варзишгар мебошанд”.
-Дар умум рушди варзиши Самбо дар кишвар маро қаноатманд намекунад. Федератсия бояд варзишгаронро ба мусобиқаҳои варзишии хориҷ аз кишвар бештар ҷалб намояд. Ман намехохам, ки суханҳои ман боиси ранҷиши касе шаванд, аммо ин ҳарфҳоро танҳо ба хотири пешравии кор мегӯям. Боз ҳам мегӯям, ки барои рушди бештари варзиши самбо дар Тоҷикистон дастгирии варзишгарон, сафарбарсозӣ, ҳавасмандгардонии ҷавонон ва дастгирии соҳибкорон зарур аст, – иброз дошт М. Сулаймонов.
Дар идомаи суҳбат номбурда аз ҷаҳонпаҳлавон Саидмуъмин Раҳимов бо некӣ ёд овард.
– Акаи Саидмӯъмин аз ман 6 сол калонтар буд. Ӯ пас аз хидмати ҳарбӣ ва чанде таҳсил дар Донишкадаи шаҳри Кӯлоб ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии шаҳри Душанбе гузашт ва дар гуруҳи мо таҳсил мекард. Мо натанҳо дар як гуруҳ, балки бо ҳам дар як мизи дарсӣ менишастем. Он замон дар мусобиқаҳо вай дар вазни 100 кг ва ман дар вазни 90 кг баромад мекардам. Мо ҳар рӯз дар толор якҷоя машқ мекардем.Дар майдонҳои мусобиқа ва маъракаҳо, ҳарчанд мардум мехостанд бо ҳам қувваозмоӣ кунем, аммо ман аз рӯи эҳтироми хосе, ки ба акаи Саидмуъмин доштам, ҳеҷ гоҳ ба худам иҷозат намедодам, ки аз гиребони ӯ бигирам ва қувваозмоӣ кунам,- гуфт М. Сулаймонов.
Ҳамчунин, мо назари эшонро оид ба муҳорибаи намуди UFC (муҳорибаи беқоида) дар Тоҷикистон ва ҷаҳон пурсон шудем. Номбурда гуфт нисбат ба ин намуди варзиш назари хуб надорад.
– Бубинед, ду инсон дар пеши мардуми зиёд ва миллионҳо тамошобин якдигарро латукӯб мекунанд, хуншор мешаванд, маъюб мекунанд, ин магар хуб аст? Ҳатто ҳолати фавти варзишгарон ҳам дар чунин муҳорибаҳо вуҷуд дорад. Шояд сину соламон ба ҷое расидааст ё чизи дигар, ки ин намуди варзиш бароям маъқул нест. Аммо намудҳои дигари варзиш бошанд, ҳам барои саломатӣ ва ҳам барои обрӯву ифтихор хубанд,- гуфт қаҳрамони ҷаҳони риштаи самбо дар миёни собиқадорон.
Муҳаммашариф Сулаймонов гуфт, пас аз ба нафақа баромаданаш ҷое кор намекард ва дар хона ба тарбияи набераҳо машғул буд. Ӯро ба клуби варзишии “Кони гурд”, ки дар маҳали Корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе воқеъ аст, даъват карданд ва феълан ҳудуди 5 моҳ аст, ки дар ин макон ба машқу тамрин ва тарбияи наврасону ҷавонон дар намуди варзиши самбо машғул аст.
Ба қавли Сулаймонов, ҳудуди 50 нафар наврасону ҷавонон ва варзишгарони номӣ, дар ду баст-шому саҳар, дар “Кони гурд”, зери роҳбарии ӯ машқу тамрин мекунанд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки замони фаъолияти варзишиаш Муҳаммадшариф Сулаймонов борҳо дар мусобиқаҳои гуногуни байналмилалӣ Тоҷикистонро муаррифӣ кард. Ӯ ҳамчун мураббӣ Беҳрӯз Хоҷазода, Акмалиддин Каримов, Хушқадам Хусравов, Сомон Маҳмадбеков барин самбочиёни барҷастаи тоҷикро ба воя расонидааст, ки дар ин риштаи варзиш чемпионӣ ҷаҳон гардидаанд.
Писарони ӯ Сулаймон, Собир ва Ҷаҳонгир дар пайравӣ ба падарашон устоди варзишанд.
Ёдовар мешавем, ки Муҳаммадшариф Сулаймонов соли 1970 ба Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дохил шудааст. Соли 1986 мураббии дастаи мунтахаби самбои Тоҷикистон ва соли 2000 сармураббӣ буд.
М. Сулаймонов чемпиони 25-каратаи Тоҷикистон оид ба самбо ва гӯштин, чемпиони секаратаи ҷаҳон байни собиқадорон, устоди варзиши Тоҷикистон оид ба гӯштин, устоди варзиши СССР оид ба самбо ва дзюдо, ва ходими хизматнишондодаи варзиши мамлакат мебошад.
Хидматҳои ин паҳлавони ҷасур ва мураббии ботаҷрибаро ба назар гирифта, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ӯро бо ордени “Шараф дараҷаи 2” (соли 2002) ва Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (2010) қадрдонӣ намудаанд.
Муҳаммадшариф Сулаймонов 1-уми январи соли 1953 дар деҳаи Рованди ноҳияи Ванҷи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таваллуд шудааст.