Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз тариқи телефон суҳбат кардааст. Дар ин бора дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон хабар дод.

Зимни ин гуфтугӯи телефонӣ Шавкат Мирзиёев ҳамтои худ-Эмомалӣ Раҳмон ва дар шахси ӯ тамоми мардуми ин кишварро ба муносибати 30-умин солгарди касби истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон  табрик намудааст. Инчунин ба онҳо тинҷиву амонӣ, фаровонӣ, муваффақият  ва ривоҷу равнақ хостааст.

Гуфта мешавад, ки дар суҳбат ҳамкориҳои бисёрҷонибаи миёни Ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, пеш аз ҳама, беш аз пеш тавсеа бахшидани ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро ҳамчун масъалаи муҳим баррасӣ карданд.

Дар хабари дафтари матбуоти Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон зикр гардидааст, ки сарварони ду давлат ҷараёни омодагириҳо ба ҷамъомади Шӯрои раҳбарони давлатҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхайро боҳам муҳокима карданд, ки 16-17 сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Инчунин Шавкат Мирзиёев ва Эмомалӣ Раҳмон дар ин суҳбати телефонӣ перомуни вазъияти Афғонистони ҳамҷавор  табодули назар низ намудаанд.

Дар ин хабар боз омадааст, ки роҳбарони давлатҳо ба тавофуқ расиданд, ки дар доираи нишасти қарибулвуқӯъи СҲШ роҷеъ ба масъалаҳои мадди назари дуҷониба ва минтақавӣ вохӯриҳои алоҳида баргузор хоҳанд кард.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь