Рӯзи душанбе зимни як брифинг сухангӯи президенти Ӯзбекистон Шерзод Асадов ба хабарнигорони дохиливу хориҷии мустақар дар Тошканд роҷеъ ба он ҳарф зад, ки ҳафтаи сипаришуда чи ҳодисаҳои муҳим ба вуқӯъ пайвастанд ва ҳафтаи нав дар ҳаёти ҷомеаи ин кишвар кадом навгониҳо рух хоҳанд дод.

Шерзод Асадов дар ин брифинг ба хабарнигорон аз он нукта низ ёдовар шуд, ки ҳафтаи гузашта президент Шавкат Мирзиёев сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон Содиқ Имомиро ба ҳузур пазируфт, ки ваколаташро ба ҳайси сафир дар Ӯзбекистон ба анҷом мерасонад.

– Президент Мирзиёев сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Содиқ Имомиро қабул кард. Сарвари давлати мо сафирро барои саҳми калонаш дар ноил шудан ба сатҳи ҳозираи муносибатҳои дуҷониба бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон сарфароз гардонид. Ҳамчунин, вай ба Содиқ Имомӣ дар фаъолияти минбаъдааш дар вазифаи масъули давлатӣ муваффақият орзу намуд, – гуфт сухангӯи президенти Ӯзбекистон дар ин брифинг.

Шерзод Асадов афзуд, ки ҳафтаи равон мулоқоти Шавкат Мирзиёев бо раиси давлати Чин Си Ҷин Пин ва президенти Туркманистон  Қурбонгулӣ Бердимуҳаммедов барномарезӣ шудааст.

Мавсуф дар брифинг ба ин нукта таваҷҷӯҳи хабарнигорони дохиливу хориҷиро ҷалб намуд, ки дар Ӯзбекистон ба далели корбасти “Шабакаҳои минтақавии барқ” солона ҳудуди 2-3 миллиард киловатт-соат нерӯи барқ сарфа  мегардад.

– Ин нерӯи барқи сарфашударо ба минтақаҳои дури кишвар интиқол медиҳем, ки дар он ҷо камбуди барқ эҳсос мегардад, – изҳор кард Шерзод Ассадов.

Вай боз тазаккур дод, ки бунёди Технопарки шаҳри Тошканд намунаи равшани чорабиниҳост, ки барои дигаргунсозии саноатии иқтисодиёти Ӯзбекистон нигаронида шудааст.

Ба гуфтаи Шерзод Асадов президент Шавкат Мирзиёев аз ин Технопарк боздид намуд, ки дар чаҳор корхонаи он ҳазор нафар ҷавон ба ҷои кор таъмин шудаанд.

– Дар сурати татбиқи лоиҳаҳои дигар 10 корхона бунёд мегардад ва барои ҷавонон иловатан 4,5 ҳазор ҷои нави кор фароҳам оварда мешавад. То охири соли равон теъдоди онҳое, ки дар ин ҷо ба кор фаро гирифта хоҳанд шуд, ба 7 ҳазор нафар мерасад, – гуфт сухангӯи президенти Ӯзбекистон дар брифинг.

Гуфта мешавад, то соли 2026 ин Технопарк қудрати таъмини 10 ҳазор нафарро ба ҷои кор ба даст хоҳад овард.

Дар брифинг Шерзод Асадов иброз дошт, ки ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаи “Парвоз”, воқеъ дар ноҳияи Яшнободи шаҳри Тошканд, метавонад барои тамоми ҷамоатҳои дигар намунаи ибрат шуда хизмат кунад.

– Президент дастур дод, ки барои рушду ривоҷи 524 ҷамоати шаҳрвандони маҳаллаҳои пойтахт ҳудуди 2 миллард сӯмӣ маблағ ихтисос медиҳад, – гуфт Шерзод Асадов.

Интизор меравад, ки соли равон бо иқдоми мақомоти ин кишвар дар ҷамоатҳои шаҳри Тошканд 1 ҳазору 881 бинои истиқоматӣ сохта ва мавриди баҳрабардорӣ қарор дода хоҳад шуд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

Дар акс Шерзод Асадов

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь