Аз ҷониби Сарраёсати Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар вилояти Суғд дар давоми 5 моҳи соли равон 262 номгӯй, ба миқдори 1926 адад, маводи доруворӣ ва ороишию гигиении мӯҳлати истифодабариашон сипаригашта ва 85 номгӯй, ба миқдори 700 адад маводи доруворӣ ва маводҳои ороишию гигиении бесертификати мутобиқати сифат дарёфт гардида, тибқи санад аз муомилот гирифта шуд.

Пӯлотзода Илҳом Пӯлот, намояндаи Сарраёсати Хадамоти мазкур имрӯз зимни суҳбат ба мо гуфт, дар давоми  5-моҳи соли 2023  нисбати ҳуқуқвайронкунандагон дар муассисаҳои фармасевтӣ, муассисаҳои табобатию профилактикӣ новобаста аз шакли моликият ва дӯкону мағозаҳо 89 санади ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода шуда, ба маблағи 222020 сомонӣ ҷарима ба буҷаи давлат ситонида шудаст.

“Инчунин, ба 40 муассисаи фармасевтӣ, МТП-и давлатӣ ва МТП-и ғайридавлатӣ амрномаҳо баҳри бартараф намудани камбудиҳо ирсол гардида, ҷавоби бартараф кардани камбудиҳо сари вақт ворид гаштааст”, – афзуд Пӯлотзода.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь