То кунун деҳқонони вилояти Суғд 20573 тонна “тилои сафед” ҷамъоварӣ кардаанд, ки ин 15,9 %-и нақшаро ташкил медиҳад.
Тавре сомонаи расмии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти вилояти Суғд хабар медиҳад, то санаи 23-юми сентябри соли равон пахтакорони вилоят 20573 тонна пахта ҷамъоварӣ кардаанд. Гуфта мешавад, ки дар наҳияи Бобоҷон Ғафуров 2165 тонна, Ашт 1792 тонна, Ҷаббор Расулов 1688 тонна, Зафаробод 3053 тонна, Конибодом 4441 тонна, Мастчоҳ 4926 тонна ва Спитамен 2472 тонна пахта чида, ба хирман супоридаанд.
Ёдовар бояд шуд, ки соли равон дар вилоят дар 58 ҳазору 454 гектар пахта кишт шудааст. Тибқи маълумоти пешакӣ дар назар аст, ки имсол наздик ба 130 ҳазор тонна пахта истеҳсол карда шавад.
Комрони Аслон
Блоки рекламавӣ