Сокини шаҳри Панҷакент Сарвиноз Аминова мехоҳад тариқи матбуот аз болои иҷрокунандаи вазифаи раиси суди шаҳри Панҷакент Таҳмина Пӯлодӣ ба Суди олӣ шикоят барад.
Ин хонум мегӯяд, барои гирифтани ҳалнома ба суди шаҳри Панҷакент рафтаааст. Судя Гулнора Расулзода барои гузоштани мӯҳр ҳалномаро ба назди Таҳмина Пӯлодӣ, ки айни замон иҷрокунандаи вазифаи раиси суди шаҳри Панҷакент аст, бурдааст. Аминова дар идома гуфт: “Беш аз як соат дар поён интизор шудам. Ҳалномаро наоварданд, маҷбур шудам худам ба боло бароям, зеро шавҳари бемор дораму ӯ ба парастрорӣ эҳтиёҷ дорад. Ба назди Таҳмина Пӯлодӣ даромада вазъият ва ҳолатамро фаҳмонидам. Ӯ бо суханҳои дурушт маро аз ҳуҷраи кориаш берун карда, гуфт: «Кӣ туро иҷозат дод ба назди ман дароӣ? Аз кабинети ман баро!»
Ба андешаи Сарвиноз Аминова, ин гуна мансабдороне, ки шаҳрвандонро қабул намекунанду бо онҳо муносибати дағал доранд, магар ҳуқуқи дар ин вазифа кор карданро доранд?
Ин дар ҳолест, ки зиёда аз 5 моҳ мешавад мансаби раиси суди шаҳри Панҷакент холисту ба андешаи сокинону корафтодагон интизори як раиси боадолату ҳақиқатхоҳанд.