Имрӯз Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади анҷоми расмиёти дохилидавлатӣ Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар бораи мусофирати мутақобилаи шаҳрвандонро барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол кард.

Ин Созишнома, ки дар раванди сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 9-уми марти соли 2018 ба имзо расида буд, тартиб ва шартҳои мусофирати мутақобилаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистонро танзим менамояд.

Ин Созишнома аз рӯзи гирифтани огоҳиномаҳои хаттӣ дар бораи аз ҷониби Тарафҳо иҷро гардидани расмиёти дохилидавлатӣ эътибори ҳуқуқӣ пайдо мекунад. Мувофиқи он шарҳрвандони ду ҷумҳурӣ метавонанд, ки бе виза ба муддати 30 рӯз ба ҳудуди кишвари ҳамсоя равуо кунанд.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь