Дар соли 2018 аз кишварҳои ҷангзада, чун Сурия, 6 кӯдак ба Тоҷикистон баргардонида шудаанд. Дар ин бора ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак Раҷабмо Ҳабибуллозода дар нишсати хабарӣ иттилоъ дод.

“Тибқи маълумотҳои расмӣ, дар соли 2018 аз кишварҳои ҷангзада 6 кӯдак баргардонида шуданд, ки мо аз ҳолати онҳо тариқи хешовандонашон пурсон мешавем. Бояд гуфт, ки ин кӯдакон аллакай аз ҷиҳати равонӣ осеб дидаанд ва мавриди муҳокима қарор додани онҳо кори дуруст нест. Барои ҳамин ҳам, вақте хешовандон ҳолати онҳоро хуб баён мекунанд, ба назди онҳо рафтану ҳар гуна суол додан барои кӯдакон манфиатовар нест”, – иброз дошт ваколатдор.

Ҳамзамон, ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак аз он нигаронӣ кард, ки теъдоди муайяни кӯдакон имрӯз ҳамроҳ бо падару модар ба кишварҳои ҷангзада рафтаанд ва баргардонидани онҳо мушкилиҳои худро дорад.

“Шурӯъ аз муайян кардани шахсияти онҳо, зеро кӯдакони зиёде ҳастанд, ки дар ҳамон ҷо таваллуд шудаанд, то маълум кардани хешу табори онҳо дар ин ҷо ва оё онҳо омодаанд ин кӯдаконро қабул кунанд, ё не, аз мушкилиҳои ин кор аст”, -афзуд ӯ.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь