Адиб ва нависандаи тоҷик, директори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои “Китоб”-и Вазорати фарҳанг Сироҷиддин Икромӣ дар саҳифаи фейсбукии худ дархосте интишор карда, аз соҳибкорон ва шахсони саховатманд талаб кардааст, ки барои харидан ва ба китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо ирсол намудани китобҳо саҳми худро гузоранд.
Сироҷиддин Икромӣ дар сӯҳбат бо вебгоҳи Farazh.tj сабаби дархости худро аз кам мавҷуд будани китобҳои бадеии тозанашр дар китобхонаҳои шаҳру ноҳияҳо шарҳ дод ва дастгирии соҳибкоронро дар самти маърифатноккунии мардум кори сутуданӣ хонд.
Дар муроҷиатномаи Сироҷиддин Икромӣ зикр шудааст, ки бо сабабҳои мухталифи рӯйи кор омадани технологияҳои навини иттилоотӣ, сатҳи пасти иҷтимоӣ, гаронии нархи китобҳо, дуруст тавзеҳ наёфтани онҳо, хуб набудани шароити дастрасӣ ба китоб шуморе аз шахсон дар чанд соли охир аз китоб ва мутолиа канор мондаанд.
– Мо итминон мекунем, ки савоби ҳадяи китоб дар баробари бунгоҳи тиббӣ, овардани хати оби нӯшокӣ, сохтани роҳ, бунёди майдончаҳои варзишӣ кам набуда, амалест накуву мондагор, – навиштааст Сироҷиддин Икромӣ, – Ҳамватанони фарҳангпарвар, аз шумо даъват менамоям, ки дар иқдоми наҷиби таъмини китобхонаҳои музофот бо китоб ва беҳтарсозии шароити дастрасии аҳолӣ ба китобҳо саҳмгузор бошед.
Сироҷиддин Икромӣ дар идомаи сӯҳбат иброз намуд, ки имрӯз қисмати бештари китобхонаҳои ноҳияҳо аз китобҳое ибортанд, ки дар даврони шӯравӣ бо забони русӣ нашр гардидаанд. Китобҳои асосгузорони марксизм-лелинизм қариб дар ҳама деҳа ҳаст.
– Имрӯз фурсате расидааст, ки китобхонаҳо ба таври муназзам бо китобҳои дар даврони соҳибистиқлолӣ нашргардида, таъмин гардонида шаванд. Аз сабабе, ки Тоҷикматлубот дар музофот ҳеҷ мағозае дар ихтиёр надорад, мо тасмим гирифтем, ки бо ҷалби соҳибкорон хонандаро бо китоб таъмин кунем. Корхонаи мо феълан 500 номгӯй китоб бо теъдоди беш аз 100 нусха барои фурӯш дар ихтиёр дорад ва метавонад дар самти харидорӣ ва муомилот ба соҳибкорон мусоидат намояд, – таъкид намуд Сироҷиддин Икромӣ.
Донишҷӯ аз шаҳри Истаравшан Абдуғаффор Шодиев зимни сӯҳбат иброз дошт, ки имрӯз вазъи китобхонаҳои деҳот то ҷойе нигаронкунана аст.
– Китобхонаи рақами 17 деҳаи Боботағои Истаравшан, бо вуҷуди доштани китобҳои хонданӣ, миқдори зиёди китобҳояшро осори дар замони Шуравӣ мунашир гардида ташкил медиҳад. Дар баробари ин осори тозанашри адибони муосир низ дар солҳои охир ба китобхона то андозае интиқол меёбанд. Мутаассифона, ҳолати дохили китобхона таъмирталаб аст. Китобхона оммавӣ бошад ҳам, танҳо хонандагони макатаб ба он обуна мешанд, ки ин аз камтаваҷҷуҳии қишри калонсоли ҷомеа ба китоб дарак медиҳад, – иброз дошт Абдуғаффор Шодиев.