Муассисаҳои соҳаи моарифи ноҳияи Дӯстӣ барои бидуни мушкил гузаронидани зимистони солҳои 2022-2023 пурра омода шуда, ба қадри зарурӣ маводҳои сӯхтро харид ва захира кардаанд.

Сардори Раёсати молияи ноҳияи Дӯстӣ Саиднизомиддин Самадзода гуфт, ки  аз ҳиосби маблағҳои  буҷети мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Дӯсти барои харидани маводи сӯхт ба соҳаи маориф 580 ҳазор сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд, ки он пурра маблағгузорӣ шуд.

Мудири шуъбаи моарифи ноҳияи Дӯстӣ Шаҳноза Маҳмадсаидзода гуфтаҳои сардори Раёсатро тасдиқ карда, афзуд, тибқи нақша бояд  барои гузаронидани зимистони солҳои 2022-2023-и муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳия 258  тонна ангишт, 228 куб ҳезум ва 2 тоннаву 727 литр сӯзишвории дизелӣ харидори карда мешуд, ки ин миқдор маводи сӯхт харида дар анборҳои муассисаҳои таълимию томактабӣ  захира карда шудаанд.

– Шишабандии муассисаҳо 90 дарсад иҷро шудааст, ки мо талош дорем онро низ рӯзҳои наздик ба анҷом расонем, – илова кард мудири шуъбаи моарифи ноҳия.

Блоки рекламавӣ

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь